Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маросими ифтитоҳи Бозиҳои варзишии Тоҷикистон


Шоми чоршанбеи 11-уми май дар Қасри тенниси шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи ботантанаи Бозиҳои варзишии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар баргузор шуд.

Дар ин маросим Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон муовини аввали раиси Кумитаи миллии олимпии кишвар, ширкаткунандагони Бозиҳоро бо оғози мусобиқот табрик кард.

Маликшо Неъматов
Вай гуфт: "Бозиҳои варзишии ҷумҳурӣ бо мақсади рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар кишвар, тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба варзиш ва муайян намудани дастаҳои мунтахаби мамлакат дар доираи чорабиниҳои "Ҳафтаи ҷавонон" баргузор шудааст. Дар марҳилаи ниҳоӣ дастаҳои мунтахаби вилоятҳо, шаҳру навоҳии тобеи марказ, водии Рашт ва пойтахти кишвар ширкат меварзанд. Шубҳае нест, ки марҳилаи ниҳоии Бозиҳои варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ширкаткунандагону дӯстдорони варзиш хушнудии зиёд бахшида, барои рушди минбаъдаи соҳа дар кишвар мусоидат хоҳад кард."

Ба барномаи Бозиҳо 12 навъи варзиш - баскетбол, бокс, вазнабардорӣ, варзиши сабук, волейбол, тенниси рӯи миз, таэквон-до ИТФ, инчунин, 5 навъи гуштӣ - миллӣ, озод, юнониву румӣ, дзю-до ва самбо шомиланд. Занон дар 5 намуд – баскетболу волейбол, варзиши сабук, тенниси рӯи миз ва таэквон-до рақобат хоҳанд кард.

Бозиҳои варзишии ҷумҳурӣ бо сабқати гуштии миллӣ, ки авохири моҳи март дар ноҳияи Рашт баргузор шуд, оғоз ёфт. Баъдан мусобиқот дар ду навъи дигар - гуштии юнониву румӣ ва гуштии озод дар шаҳри Чкалови вилояти Суғд барпо гардид.

11-уми май ғолибони сабқати таэквон-до (ИТФ), ки дар Қасри тенниси пойтахти кишвар бо ширкати 105 варзишгар аз манотиқи мухталифи ҷумҳурӣ доир шуд, муайян гаштанд. Дар ҳисоби дастаӣ тими Душанбе-1 мақоми аввалро касб кард. Дастаи Душанбе-2 дар ҷои дуввум ва тими вилояти Суғд дар ҷои севум қарор гирифтанд.

Мусобиқот дар 8 навъи варзиш то 15-ум май дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Ваҳдат ва Турсунзода доир хоҳад шуд.

Тақвими Бозиҳои варзишии Тоҷикистон

Бокс

11-14 май. Қӯрғонтеппа. Боғи фарҳанги шаҳр.

Баскетбол

11-15 май. Хуҷанд. Мусобиқаи мардон ва занон.

Волейбол

11-15 май. Душанбе. Қасри варзиши иттифоқҳои касаба. Мардон ва занон.

Тенниси рӯи миз

11-15 май. Кӯлоб.

Варзиши сабук

12-13 май. Душанбе. Варзишгоҳи марказӣ.

Самбо

12 -13 май. Турсунзода. Маҷмааи варзишии «Самандар-асриХХI ».

Вазнабардорӣ

13 -14 май. Ваҳдат.

Дзю-до


14-15 май. Душанбе. Толори бозиҳои дастӣ (Манеж).
XS
SM
MD
LG