Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нақши радио дар ҷомеаи Тоҷикистон


2011
2011

7-уми май дар қаламрави Шӯравии собиқ ба унвони рӯзи кашфи радио шинохта шуда буд.

Дар ин рӯз донишманди рус Александр Попов радиои кашфкардаи худро дар Русия муаррифӣ кард. Ҳарчанд қабл аз Попов, дар кишварҳои мухталифи Аврупо ва Амрико донишмандон мавҷҳои радио ва дастгоҳҳои қабул ва интиқоли ин мавҷро кашф карда буданд.

Барои мисол дар Амрико Никола Тесла ихтирокори радио муаррифӣ мешавад, зеро ҳанӯз ду сол қабл аз Попов дар соли 1893 дастгоҳи қабули мавҷи радиоро муаррифӣ карда буд.

Аммо ба ҳар сурат, ин фанноварии дар интиҳои қарни 19 кашфкардаи донишмандони ҷаҳон, ки имрӯз хеле такмилшуда аст, барои сокинони сайёра чун василаи таблиғ ва иттилоърасонӣ хидмат мекунад. Зеро ин дигар танҳо моли илм нест, балки ҳамчунон ба як дастгоҳи қудратманди журнализм табдил шудааст.

Нақши радио барои ҷомеа дар замонҳои гузашта ва имрӯз низ зиёд тағйир нахӯрдааст. Иттилоърасонӣ вазифаи аслӣ аст, аммо боз ҳам як дастгоҳи қавии таблиғи сиёсиву тиҷоратӣ ҳам ҳаст. То замони зуҳури интернет, миёни васоити ахбор сареътарин расонаи хабарӣ унвон мешуд, ҳарчанд имрӯз ҳам ин ҷойгоҳи худро комил аз даст надодааст.

Навори видеоии радиои «Озодӣ» аз таърихи зуҳури радио ва нақши он дар ҷомеаи Тоҷикистӣон сӯҳбат мекунад:

Дар бораи радиоҳои Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:18 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG