Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марде, ки аз дами оташ намеҳаросад


Лутфулло Забиров
Лутфулло Забиров

Ман Рустам Ғуломов, корманди хадамоти оташнишонии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҳастам.

Қиссае, ки ҳоло мехоҳам нақл кунам, дар бораи ҳамкорам капитани хизмати дохилӣ Лутфулло Забиров мебошад.
Лутфулло як ҷумлаи дӯстдоштае дорад, ки ҳар боре мо дӯстон ӯро ба эҳтиёт кардан водор карданӣ шавем, хандида мегӯяд, "ман бо оташ созишномаи ҳамкориву дӯстӣ бастаам, ки маро насӯзад..."


Бузургворе гуфтааст:

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд,
Меҳри онро дар дилаш андохтанд.

Пештар гумон мекардам, ки танҳо касбу ҳунарҳое аз қабили шоириву нақошӣ, овозхониву заргарӣ ва монанди инҳо метавонанд худодод ва ё ирсӣ бошанду боқии кору касбҳо ҳама интихобианд.

Аммо вақте бо Лутфулло Забиров, капитани хизмати дохилии Хадамоти оташнишонии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ошно ва ҳамкор шудам, донистам, ки кору касбҳое низ будаанд, ки одамон онҳоро мувофиқи хӯву хислаташон ихтиёр мекунанд ва бо тамоми ҳастӣ бидуни талаби ниёзеву шӯҳрате онро ба ҷо меоранд. Яъне, он қадар дилбохтаи кору касбашон мешаванд, ки омодаанд дар иҷрои он аз сари ҷон ҳам бигзаранд.

Қаҳрамони қиссаи ман Лутфулло чеҳраи бофтаву тофтаи хаёлоти ман набуда, балки як марди оддиву хоксор аст. Ман тӯли чанд рӯз ӯро розӣ кардам, то ин қиссаро дар бораи корнамоиҳояш дар ихтиёри хонадагони торнамои "Озодӣ" гузорам.

Шояд нафароне ин навиштаҳои маро хондаву бовар накунанд, ки дар ин замона, ки хислатҳое чун қаҳрамониву инсондӯстӣ, некиву дасти мадад дароз кардан ба афтодае тухми анқо гаштаву аксар одамон дар фикри пайдо кардани ризқу рӯзӣ ва дунболи манфиатҳои шахсии худанд, чунин нафароне мисли Лутфулло вуҷуд дошта бошад. Хушбахтона, ба бахти мо чунин инсонҳо ҳанӯз ҳам ҳастанд.

Рустам Ғуломов
Хадамоти оташнишонӣ ё худ ба таъбири маъмул сӯхторхомӯшкунӣ, ки мисли дигар бахшҳои давлатӣ ба замми маоши ночиз начандон дорои шароити кору таҷҳизоти зарурист, ҷавонон хеле кам тақдири худро ба ин кор мепайванданд. Аммо барои мо як гурӯҳ ҷавононе, ки дар ин соҳа беш аз 10 сол ба ин сӯ фаъолият дорем, кору рафтор ва ҷасорату ҷавонмардии чунин шахсоне монанди Лутфулло Забиров намунаи ибрат аст ва меҳри ин касби хоксоронаву ба назарҳо ноаёнро дар дили мо афзун кардааст.

Лутфулло Забиров 35 сол дорад ва рутбааш капитан буда, сарвари як гурӯҳи калони кормандони ин мақомотро бар ӯҳда дорад. Лутфулло бо хислатҳои хоксориву одамдӯстӣ ва нотарсиву ҷасоратмандиаш дар миёни мо ҳамкорон обрӯ дораду баъзан бо ҳамин хислаташ моро гоҳо ба ҳайрат меораду гоҳе шердил месозад.

Ба ёд меорам ҳодисаеро, ки дар аввали ҳамин сол рух дод. Як бегоҳ ба мо хабар расид, ки дар кӯчаи ба номи Шотемури пойтахт манзиле оташ гирифтааст. Мо бо мошинҳои пуроб ба ҷои ҳодиса ҳозир шудем. Маълум шуд, ки таҳхонаи бинои баланошёна оташ гирифтаасту дуду оташ ошёнаҳои болоиро ба коми худ фурӯ мебарад. Соҳибони манзилҳо ҳама берун баромада буданд. Ҳамин вақт фиғони зане баланд шуд, ки мегуфт писарчаи чаҳорсолааш дар даруни хона мондааст.

Мо, ки хислати Лутфуллоро медонистем, аз ӯ хоҳиш кардем, то гурӯҳи наҷотдиҳандаро, ки либоси махсуси ҳифозатӣ доранд, барои кӯмак фиристад. Вале барои ин гурӯҳро омода кардан каме фурсат лозим буд. Барои ҳамин ҳам Лутфулло худаш ба ёрии кӯдак шитофт ва худро дар як замон ба хонаи пурдуду оташ андохт.

Рости гап, бовар надоштем, ки дӯстамонро зинда мебинем. Лутфулло тавассути нардбони борик баромада баъди тақрибан 5-6 дақиқа бо як чолокии ба худ хос писараки беҳушро гирифта фаровард. Бар асоси хулосаи духтурон агар 5 дақиқаи дигар Лутфулло дер мекард, писаракро дигар наҷот додан мумкин набуд. Худи Лутфулло, ки дуди зиёде фурӯ бурда ҷароҳатҳои мухталиф бардошта буд, баъди чанд муддати муолиҷа ба кор бозгашт.

Лутфулло як ҷумлаи дӯстдоштае дорад, ки ҳар боре мо, дӯстон, ӯро ба эҳтиёт кардан водор карданӣ шавем, хандида мегӯяд, "ман бо оташ созишномаи ҳамкориву дӯстӣ бастаам, ки маро насӯзад."

Чунин корномаҳои Лутфуллоро зиёд шоҳид гаштаем. Боз як ҳодисаи дигар. Дар маҳаллаи Зарафшон, ки хонаи дӯсти мо Лутфулло дар ҳамон ҷост, манзиле оташ гирифт. Он рӯз якшанбе буду Лутфулло дар хонааш истироҳат дошт. Вақте хабари сӯхторро мешунавад, бо ҳамон либоси хонагӣ ба ҷои ҳодиса ҳозир мешавад ва ба сухани ҳамкорон гӯш надода ба воситаи нардбони борики наҷотдиҳӣ ба ошёнаи шашуми бино баромада марди соҳиби хонаро, ки қариб 30 фоизи баданаш сӯхтаву аз дуди ғализ дар ҳолати ҷон додан қарор дошт, бо кӯмаки ҳамкори дигарамон гирифта мебарояд. Лутфулло баробари ба замин гузоштани мард, даҳонашро ба даҳони ӯ мондаву нафаси сунъӣ дода ва ӯро аз марг наҷот дод.

Бале, дӯсти мо ҳамин гуна аст. Вақте мебинад, ки ҷони дигарон дар хатар аст, ҷону тани худро сипар мекунад. Боре аз Лутфулло пурсидам, ин гуна хислат дар ӯ аз куҷо пайдо шудааст? Посух дод, ки "ман хурд будам ва медидам, падарам, ки худ марди чолок буд, дар душвортарин лаҳзаҳо ба кӯмаки мардум мешитофт. Мо, ки сокини деҳаи Алмосии Ҳисор ҳастем, боре аёми наврасии ман чанд деҳаи гирду атрофамонро сел бурд. Хонаи мо дар баландӣ буд ва сел ба он таҳдид намекард, вале шаби дароз то субҳ ману бародаронам ҳамроҳи падар дар хидмати он мардуми селзада будем ва ёдам ҳаст тифлаке дар гаҳвора миёни сел монда буд ва касе ҷуръати наҷот додани ӯро надошт. Падарам худро ба дами сел андохта кӯдаку гаҳвораро берун овард ва кӯдакро ба дасти ман дод..."

Манзурам аз овардани қиссаи корнамоиҳои дӯстам Лутфулло, албатта, танҳо тавсифи ӯ набуд, балки чизи дигар аст. Агар насли миёнсоли кишварамон дар ёд дошта бошанд, солҳои Шӯравӣ як одати хубе буд, ки камтарин корнамоии ҳамзамонону ҳамсолонро барои ҷавонон кӯшиш мекарданд бо рангҳои рӯшан тарғиб кунанд, то ба ин васила онҳоро дар рӯҳияи ҷасоратмандӣ ва кӯмак ба дигарон тарбият намоянд.

Солҳои 1980 нашрияҳо қаҳрамонии Талбак Лолаевро бозтоб дода буданд, ки ҳангоми аз сӯхтор наҷот додани гандумзор ба ҳалокат расид. Дар бораи ӯ шеъру достонҳо менавиштанд.

Ҳоло куҷост як китобе ва ё як асаре, ки зиндагиву корномаи воқеии ҳамасрону ҳамсолон ва ё ҳамватанони моро бозгуӣ кунад? Боз гила мекунем, ки ҷавонони мо имрӯз эҳсоси ватандориву башардустӣ, ҷасорату мардонагӣ надоранд ва ё аз хизмат дар сафҳои артиш сарпечӣ мекунанд. Оё мо худ барои бедор кардани ин гуна эҳсосот дар ҷавонон, чӣ коре кардаем?

Рустам Ғуломов, корманди Хадамоти оташнишонии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе.

Масъули гӯша: Сафаргул Олимӣ
XS
SM
MD
LG