Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаласаи кумитаи Шӯрои олимпии Осиё дар Душанбе


Рӯзи 5-уми май дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи ҳамкориҳои байналмилалии Шӯрои олимпии Осиё (ШОО) ба кори худ шурӯъ кард.

Дар кори ҷаласа Ҳусайн Ал-Мусаллам, мудири кулли Шӯрои олимпии Осиё, (аз Кувайт), Рита Субово, раиси Кумитаи ҳамкориҳои байнулмилалии ШОО (аз Индонезия) ва дигар аъзои ин кумита, аз ҷумла Рустами Эмомалӣ (аз Тоҷикистон) ширкат доранд.

Қабл аз шурӯи кори ҷаласа Рустами Эмомалӣ сухани ифтитоҳӣ карда, меҳмононро ба Тоҷикистон хайра мақдам гуфт. Вай афзуд: "Ман мулоқот бо шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ, раиси Шӯрои олимпии Осиё ва бо ҳамаи шумо, дӯстонамро, ки соли гузашта дар шаҳри Гуанҷоуи Чин баргузор шуда буд, хуб дар хотир дорам. Аминам, ки мо дар ин ҷаласа кори хуберо барои рушди ҳаракати олимпӣ ва ҳалли масоили варзишӣ анҷом хоҳем дод."

Дар зимн, моҳи ноябри соли 2010-ум, пеш аз маросими кушоиши Бозиҳои XVI осиёӣ дар шаҳри Гуанҷоуи Чин ҷаласаи Шӯрои олимпии Осиё баргузор шуда буд. Дар ин ҷаласа бо пешниҳоди шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ, раиси Шӯрои олимпии Осиё, Рустами Эмомалӣ, ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, узви Кумитаи ҳамкориҳои байнулмилалии ШОО интихоб гардид.



Ҳусайн Ал-Мусаллам, мудири кулли Шӯрои олимпии Осиё, ба хабарнигорон гуфт: "Кумитаи ҳамкориҳои байналмилалии ШОО кумитаи тозатаъсис аст. Ба узвияти ин кумита интихоб шудани Рустами Эмомалӣ, бешак, барои рушди ҳаракати олимпӣ дар минтақа мусоидат хоҳад кард. Дар ин ҷаласа таҳти раёсати Рита Субово, раиси ин кумита, масоили вобаста ба рушди ҳаракати олимпӣ ва ҳамкориҳои Шӯрои олимпии Осиё баррасӣ хоҳад шуд. Мақсади мо мусоидат ба ширкати муваффақонаи варзишгарони қора дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2012 дар Лондон мебошад."

Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва ҳамзамон ноиби аввали президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар, зимни суханрониаш ба кори ҷаласа барор хост. Вай гуфт, ки ширкаткунандагони ҷаласа, 6-уми май аз иншооти варзишии Тоҷикистон дидан карда, бо мавзеъҳои таърихии кишвар ошно мешаванд.
XS
SM
MD
LG