Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хулосаи нашрияҳои ин ҳафта, 5-уми май


Хабари кушта шудани Усома бин Лодин, "террористи рақами як"-и ҷаҳон ва таҷлил аз рӯзи байналмилалии матбуоти озод дар меҳвари матолиби аксари нашрияҳои ин ҳафтаи чопи Душанбе қарор гирифтааст.

"Фараж" дар матлаби "Бини Лодин кушта шуд!" навиштааст, ки дар тӯли даҳ соли гузашта, шаш бор дар мавриди қатли бин Лодин хабарҳо паҳн шуданд.
Пас аз ғорати нафти Ироқ ва нооромиҳо дар дигар кишварҳои исломӣ, бо кушта шудани Усома бин Лодин, Амрико боз киро "душмани рақами яки худ-демократия" қарор медиҳад ва боз ба ғорати кадом кишвар даст дароз мекунад?


Нашрия афзудааст, "албатта, агар бин Лодинро зинда дастгир мекарданд, асрори зиёди амрикоиҳо фош мешуд. Гузашта аз ин, бин Лодин дар пеши бинии низомиёни покистонӣ зиндагӣ мекарду ӯро намеёфтанд, низ хеле шубҳаовар менамояд. Вале ҳоло саволи матраҳ ин аст, оё нафаре, ки иттилоъ дод, соҳиби 50 миллион доллар мегардад ё не?"

БИН ЛОДИН ВА МУЛЛО АБДУЛЛО

"Пажвок" низ зери сарлавҳаи "Бин Лодин ва Мулло Абдулло нодаркор шуданд?" матлаберо чоп кард, ки дар он омадааст, "дақиқан 15 рӯз пеш аз марги бин Лодин 15-уми апрел дар Тоҷикистон нерӯҳои амниятии ин кишвар Абдулло Раҳимов, мулаққаб ба Мулло Абдулло, ки ӯро шогирди бин Лодин ва ё "Бин Лодини тоҷик" ном мебурданд, кушта шуд. Мулло Абдуллоро низ ба мисли бин Лодин шабаҳ медонистанд, зеро саргузашти ӯ бо саргузашти бин Лодин монандиҳое дошт."

Нашрия ин суолҳоро низ матраҳ кардааст: "Чаро маҳз дар 15 рӯзи охир имкон пайдо шуд, ки ин ду террорист кушта шаванд? Фарз кардем, ки бо заҳамоти зиёд макони буду боши бин Лодин пайдо шуд, пас чаро талош нашуд, то ӯ зинда боздошт шавад?"



НАВБАТИ КИСТ?

"Имрӯз нюс" дар ин робита навиштасст, "баъд аз ғорати нафти Ироқ, барҳаму дарҳамии сарвати Афғонистон ва нооромиҳо дар дигар кишварҳои исломӣ, бо кушта шудани "душмани рақами як"-и Амрико, Усома бин Лодин, Амрико боз киро "душмани рақами яки худ-демократия" қарор медиҳад ва боз ба ғорати кадом кишвар даст дароз мекунад?" Афзун бар ин нашрия навиштааст, "ниҳоят овозаи зинда будану дар Бадахшони Тоҷикистон "паноҳ" бурдани Усома ба манфиати кист?! Ва чаро ин овоза танҳо дар сомонаи "Аргументи.ру" мавҷуд аст?"

БЕСОБИҚАТАРИН СОЛ ДАР ТАЪРИХИ МАТБУОТ


"Имрӯз нюс" дар робита ба рӯзи байналмилалии озодии баён, дар матлаби "Ҷашни "Рӯзи озодии матбуот" ё гилагузории журналистони тоҷик?" навиштааст, ки "дар Шӯравӣ сензура буд, вале ҳар як сухани матбуот қадр дошт. Дар солҳои 90-ум чизе мехостӣ менавиштӣ, вале қадраш пасттар буд."

Ба навиштаи ин нашрия, як соли ахир аз солҳоест, ки барои ба додгоҳ кашонидани рӯзноманигорону расонаҳо дар таърихи матбуоти тоҷик бесобиқатарин маҳсуб меёбад. Зеро ба навиштаи нашрия дар ин муддлат чандин нашрия, он ҳам мустақил ба додгоҳ кашида шуданд ва қазияҳои бархе аз ин ҳафтаномаҳо ҳамчунон идома дорад."

"Озодагон" дар ин росто суоли "Оё вазъи озодии баён дар Тоҷикистон нигаронкунанда аст?"-ро матраҳ намудааст. Зебо Тоҷибоева, раиси иҷроияи хабаргузории "Азия-Плюс" дар посухи он таъкид кардааст, ки "то замоне дар қонунгузории Тоҷикистон барои тӯҳмату таҳқир ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ шудааст, дар мавриди риоят нашудани озодии баён ҳарф гуфтан нашояд."

НИГАРОНИИ "НАҶОТ"

"Наҷот" зери сарлавҳаи "Кафили фазои афкори озод кист?" аз ба дарозо кашида шудани баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбати қазияи латукӯби Ҳикматулло Сайфуллозода, сардабири ин нашрия, изҳори нигаронӣ кардааст. Ин ҳафтанома навишта, ки "феълан ин парвандаро додситонӣ дунбол мекунад, вале аз пешрафти он кадом иттилое нест. Агарчӣ аз кушоад шудани ин парванда наздики се моҳ мегузарад."

Ин ҳафтанома бо хитоб ба Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон навиштаст, "оё ҷаноби Салимзода дар мавриди қазияи мазкур чӣ фикр дорад ва ҷиҳати пайдо кардани ҷинояткорон чӣ амру дастуроте дода бошад? Ё ин гуна парванда кирои бозҷӯии прокуратура нест?"

ПАНҶ ВАЗИРИ "НОМАҲБУБ"

"Нигоҳ" натиҷаи назарсанҷии Оҷонсии иттилоотии "Тоҷнюс" дар робита ба вазирони номардумиро мунташир кардааст. Ба навиштаи нашрия "ба рӯйхати "номаҳбубон" Абдуҷаббор Раҳмонов, Гул Шералӣ, Шералӣ Хайруллоев, Абдураҳим Қаҳорров ва Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазирони маориф, энергетика ва саноат, дифоъ, корҳои дохилӣ ва молия шомил гаштанд."

Нашрия гуфтааст, "дар ин назарсанҷӣ 810 нафар истифодабарандагони тоҷнет ё қисмати тоҷикии шабакаи Интернет ширкат карданд." "Дар шумораи оянда кӯшиш хоҳем кард, ки сабабҳои номардумӣ будани ин панҷгонаро аз нигоҳи коршиносони ватанӣ маълум намоем",-навишта шудааст дар "Нигоҳ".

МӮЪМИН ҚАНОАТ ВА ВАЗНИ СУХАНИ Ӯ

"Миллат" дар матлаби "Шаб омаду торикӣ" бори дигар андешаи Мӯъмин Қаноат, шоири саршиноси тоҷикро ба баррасӣ гирфта ва навиштааст, ки "наздик ба як сол ин ҷониб номи Мӯъмин Қаноат луқмаи даҳони ғайбатгарони хушомадгӯ, тӯҳматгарон ва маврди иҳонати, ба истилоҳ, адибону олимони дарборӣ аст.

Ба навиштаи муаллифи матлаб, "аввал бояд гуфт, ки дар ин муддат собит шуд, ки Қаноат ҳанӯз ҳам андешаманди тавоно ва шахсияти дараҷаи аввали Тоҷикистон аст. Як изҳори назари ӯ собит кард, ки вазни сухани ӯ дар воқеъ баробари вазну тамкини замин будааст. Пештар фикр мекардам, ки тавони сухани ӯ баробари изҳороти муштараки ҳашт ҳизби сиёсии фаъол дар кишвар бошад. Аммо болотар аз ин гумонро ёфтам, дақиқан."
XS
SM
MD
LG