Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозиҳои даври шашуми Лигаи олии футболи Тоҷикистон


Имрӯз, 4-уми май, се бозии даври панҷуми сабқати Лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, пешсафи ҷадвали мусобиқа, дар варзишгоҳи “Авиатор”-и пойтахти кишвар бо тими “Вахш”-и Қӯрғонтеппа бозӣ мекунад.

Дастаи ”Энергетик”-и Душанбе дар варзишгоҳи “Спитамен” (собиқ “Спартак”)-и пойтахт бо тими “Хуҷанд”-и Хуҷанд рақобат хоҳад кард.

Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар майдони худ, варзишгоҳи “Металлург”, бо тими “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров рӯбарӯ хоҳад шуд.

Ду бозии дигари даври шашум фардо, 5-уми май, миёни дастаҳои “Шодмон”-и Ҳисор - “Равшан”-и Кӯлоб ва ССКА “Помир”-и Душанбе - “Гвардия”-и Душанбе баргузор мешавад.

Бозиҳо соати 17 оғоз меёбанд.

Ин дафъа дастаи “Хайр”-и Ваҳдат истироҳат мекунад.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот


Дастаҳо:

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1. "Истиқлол"

5

4

1

0

10-0

13

2. "Хайр"

5

4

1

0

9-1

13

3. "Равшан"

5

3

1

1

9-4

10

4. ССКА "Помир"

4

3

0

1

9-4

9

5. "Энергетик"

4

2

1

1

8-6

7

6. "Регар-ТадАЗ"

4

2

0

2

10-7

6

7. "Гвардия"

4

1

1

2

2-8

4

8. "Хуҷанд"

5

1

1

3

3-10

4

9. "Вахш"

4

1

0

3

5-5

3

10. "Шодмон"

5

1

0

4

8-12

3

11. "Парвоз"

5

0

0

5

1-17

0

XS
SM
MD
LG