Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар сабқати ниҳоии Ҷоми даъвати AFC-2012


Тими миллии футболи Тоҷикистон пас аз ду пирӯзӣ дар сабқати гурӯҳии Ҷоми даъвати Конфедеросиюни футболи Осиё дар Ҷазоири Молдив ба ҳаққи ширкат дар сабқати ниҳоӣ роҳ ёфт.

Футболбозони тоҷик дар сабқати гурӯҳи “С” баъди пирӯзӣ бар тими миллии Қирғизистон бо ҳисоби 1:0 (тӯбро капитани қирғизҳо дар дақиқаи 88-уми дидор ба дарвозаи дастааш зад), дар даври дуввум бар тими Камбоҷа бо ҳисоби 3:0 ғалаба карданд.

Голҳоро Нуриддин Давронов (дақиқаи 2-юм), Даврон Эргашев (83) ва Иброҳим Рабимов (89) ба самар расонданд.

Бозии охирини мунтахаби Тоҷикистон 25-уми март бо тими мизбон – Ҷазоири Молдив барпо мегардад.

Вале новобаста аз натиҷаи ин бозӣ дастаҳои Тоҷикистон ва Ҷазоири Молдив ба сабқати ниҳоии Ҷоми даъвати AFC-2012 роҳ ёфтанд.

Ҳарду даста 6-имтиёзӣ доранд. Мизбонон аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо (6-1) дар ҷои якум ва Тоҷикистон (4-0) дар ҷои дуввум қарор гирифтаанд. Бозии охирин миёни ҳарду даста ғолиби гурӯҳро муайян мекунад.

Бояд тазаккур дод, ки дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон (соли 2006), Ҳиндустон (2008) ва Кореяи Шимолӣ (2010) барандагони Ҷоми даъвати AFC гардидаанд.

Ғолиби Ҷоми даъвати AFC-2012 ба сабқати ниҳоии Ҷоми Осиё-2015, ки дар Австралия баргузор мешавад, роҳхат мегирад.

Шарҳҳоро бинед (1)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG