Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Замоне бо Мулло Абдулло, замоне дар зиндон


Фатҳулло Хайриддинов, маъруф ба Эшони Дароз пас аз раҳоӣ аз зиндон
Фатҳулло Хайриддинов, маъруф ба Эшони Дароз пас аз раҳоӣ аз зиндон

Фатҳулло Хайриддинов, маъруф ба "Эшони Дароз", аз собиқ фармондеҳони ИНОТ, моҳи гузашта аз зиндон раҳо шуд.

Хабарнигори "Озодӣ" бо Эшони Дароз дар манзили зисти ӯ ва сари як пиёла чой ҳамсӯҳбат шуда, нахуст аз ӯ пурсид, ки чанд соли худро дар зиндон пушти сар кардааст?
“Эшон” гуфтанашон аз ҳисоби худораҳматии бобоям- Эшони Тоҷ ва "Дароз"-ро изофа карданашон аз ҳисоби қоматбаландиям аст. Дар онҷое, ки зиндагӣ мекардам ин тахаллус номи аслиамро аз байн бурд. Дигар шудем "Эшони Дароз"...


СЕ СОЛУ НӮҲ МОҲИ ЗИНДОН

Фатҳулло Хайриддинов: Се солу нӯҳ моҳ дар зиндон ба сар бурдам.

Суол: Дар зиндон шароити буду бош ва зиндагиатон чӣ гуна буд?

Фатҳулло Хайриддинов: Шукри Худо, хуб буд, мисли ҳамаи зиндониён. Шароити ҳамаи зиндониёну маҳбасҳо як хел аст. Танқисӣ намекашидем.

Суол: Дар масъалаи таъминоти ғизо ва барои мисол дасту рӯ шустан кадом мушкилие надоштед? Оё дуруст аст, ки ғизои маҳбусонро аз берун пайвандонашон таъмин мекунанд?

Фатҳулло Хайриддинов: Хурду хӯрок дар дохил ҳам буд, аз берун ҳам хешу таборҳо меоварданд. Шароити дастурӯшӯӣ ва пӯхту пази таом ба дараҷаи бисёр ҳам хуб буд. Шояд дар берун, дар бисёр ҷойҳо ҳамон шароите, ки дар маҳбас буд, набошад. Ҳамаи шароит фароҳам буд: ҳоҷатхона, таҳоратхона, ҳаммом, ки ҳамааш доим кор мекард. Оби гарм, оби сард буд.

ҲАМРОҲ БО МУҲАММАДРӮЗӢ ИСКАНДАРОВ, ҲОМИДОВ...

Суол: Ҳамроҳ бо Шумо аз нафароне, ки мардум мешиносанд, киҳо буданд?

Фатҳулло Хайриддинов: Дар маҳбас Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, Ёрмаҳмадов Назаралӣ, раҳматӣ Абдуҷалил Ҳомидов, раиси собиқи вилояти Суғд буд, ки дар маҳбас гузашта шуд, генерал Бекматов аз Гвардияи президентӣ аз шумори маҳкумшудаҳо ҳастанд. Нафарҳо зиёданд он ҷо.

Суол: Ба ҳар сурат, Шумо пеш аз анҷоми мӯҳлат ҷазо ба озодӣ баромадед. Чӣ боис шуд, ки Шуморо зудтар раҳо кунанд?

Фатҳулло Хайриддинов: Нӯҳ сол буд мӯҳлати ҷазои ман. Се сол дар афви аввал, дар афви соли 2007 ин мӯҳлат кам карда шуд ва дар афви дуввум, дар соли 2009, боз аз ин мӯҳлат як солу ду моҳи дигар коҳиш дода шуд. Режими нигаҳдории ман пурзӯр буд ва азбаски ман аз се як ҳиссаашро ба анҷом расонидам, Раёсати корҳои ислоҳӣ пешниҳод кард ба муассисаи сукунатӣ. Пешниҳод карданд ба “волний поселенка” ва ҳамин тавр озод шудам.

Суол:
Шумо аз он, ки зиндонӣ шудед ва чанд соли умратон дар маҳбас гузашт, пушаймон ҳастед ва ё ин ки ҳисоб мекунед нодуруст маҳкум шудед?

Фатҳулло Хайриддинов: Акнун хатоии мо ҳам буд. Баъзан мавридҳое мешавад, ки инсон хато мекунад. Баъзе хатоиҳову камбудиҳо буд ва онҳо сабаб шуданд, ки рафтем ба зиндон. Баъд аз зиндон рафтору кирдор беҳтар мешавад, иншооллоҳ.

МАҚОМОТ АЗ РАЗМАНДАГОНИ СОБИҚ КӮМАК ХОСТАНД?

Суол: Мегӯянд, ки бархе аз мақомоти расмӣ бо фармондеҳону размандагони собиқи дар зиндонбуда дар бораи вазъи шарқи кишвар мулоқот доир кардаанд?

Фатҳулло Хайриддинов: Не, ин гуна сӯҳбатҳо набуд. Вале мақомот вохӯрданду аз шароити зиндагиамон пурсиданд. Вазири мудофиа омада буд. Сардори раёсати корҳои ислоҳии вазорати адлия низ ҳамроҳаш буд. Ҳамин қадар медонам, ки сӯҳбат карданд ва пурсиданд аз шароити зиндагӣ дар маҳбас. Сӯҳбат ҳам дар бораи он буд, ки шароит барои маҳбусҳо ва маҳкумшудаҳо сабуктар шавад. Ба ҳамин хотир буд сӯҳбатҳояшон.

Суол: Ҳозир барои дифоъ аз давлат зарурат пеш ояд, силоҳ ба даст мегиред, масалан агар, ки давлат аз Шумо бихоҳад дар ин ё он амалиёт иштирок кунед, чӣ мекардед?

Фатҳулло Хайриддинов: Ҳозир дар ин бора ягон фикр накардаам. Чуноне гуфтам, саломатиам ҳам хуб нест. Ҷавоби дақиқ дода наметавонам.

"БО МАН ЧУНИН СӮҲБАТ СУРАТ НАГИРИФТААСТ"

Суол: То ҷое хабарҳо мерасанд, на танҳо бо шумо, балки бо баъзе аз собиқ фармондеҳони дигар низ сӯҳбатҳо сурат гирифтааст...

Фатҳулло Хайриддинов: Шахсан бо ман чунин сӯҳбатҳо доир нашудааст. Аз ин гуна сӯҳбатҳо ҳам хабар надорам. Дар онҷо ба таври умумӣ сӯҳбат карда буданд. Ин хел дар танҳоӣ сӯҳбат набуд. Аз вазорати мудофиа буд, аз дигар соҳаҳо низ намояндаҳояшон ширкат доштанд. Сӯҳбати умумӣ бо ҳамаи зиндониҳо буд. Онҳо барои аз назаргузаронӣ омада буданд.

Суол: Ин мулоқот ба наздикиҳо сурат гирифт?

Фатҳулло Хайриддинов: Ба наздикиҳо буд. Вазири мудофиа худро ҳамчун намояндаи ҳукумати Тоҷикистон муаррифӣ кард. Маҳбусҳо ба он кас талабу дархости худро расониданд. Онҳо барои сабуктар кардани мӯҳлати ҷазо хоҳиши зиёд карданд. Хоҳиш карданд аз сардори давлат, ки барояшон як афв ва сабукиҳо диҳад.

Суол: Ин ҷо шумо дар бораи талабу дархости маҳбусон барои афву бахшиш
сӯҳбат кардед. Фикр мекунед онҳое, ки ҳоло аз шумори размандагону фармондеҳони мухолифин ва Фронти халқӣ дар маҳбасҳо ба сар мебаранд пушаймонанд ва дар ҳолати афв дигар ором хоҳанд буд ва ба аъмоле даст намезананд, ки боис ба нигаронӣ бишавад?

Фатҳулло Хайриддинов: Оне, ки фикраш хароб аст, чи миқдор мӯҳлате, ки нишинад ӯ дар ҳамон фикр мемонад. Вай дигар намешавад, ислоҳ намешавад. Оне, ки дар пайи ислоҳ буд, беҳтар буд, хубтар буд, фикру ақидааш рӯшантар мешавад. Вай дар замони дар озодӣ буданаш ҳам ҳамин тавр буд ва дар чунин фикр буд, вале хуб гоҳо, хатову камбуд мешавад дар инсон. Лекин дубора ба чунин кирдорҳо раҳ намедиҳад ва фаҳмишаш васеътар ва рӯшантар мешавад. Аммо касе, ки фикру ақидаи хуб надошт дар ҳамон фикру ақидааш мемонад, чи қадаре ҳам ки бишинад. Ислоҳ намешавад дар мӯҳлати иҷрои ҷазо. 10 сол ё 20 сол шинад ҳам фарқ надорад. Вай кадом вақте набошад, кори худро боз такрор мекунад. Ин роҳи ислоҳ нест. Шароит дигар мешавад, шояд аз ин ҳисоб камтар иваз шаванд.

"БАЧАХОНД"-И МУЛЛО АБДУЛЛО

Суол: Замони муқовиматҳои мусаллаҳона дар кадом ҷабҳа фаъолият доштед?

Фатҳулло Хайриддинов: Дар даврони мубориза мо дар ҷабҳаи ноҳияи Нуробод будем.

Суол: Ҳамроҳ бо МуллоАбдулло?

Фатҳулло Хайриддинов: Мо дар онҷо якҷоя будем

Суол: Дуруст аст, ки шуморо Мулло Абдулло сахт эҳтиром дошта ва ҳатто ба ҳайси бачахонд пазируфтааст ва шумо ба ӯ хеле наздик будаед?

Фатҳулло Хайриддинов: Ӯ яке аз фармондеҳони Наҳзати исломӣ буд. Мо ҳам, ки бошем намоянда ва аз шахсиятҳои Наҳзати исломӣ будем ва аз ҳамин ҳисоб бисёр наздик будем, эҳтироми мо зиёдтар буд.

"БО ИРОДАИ ХУД БА МУБОРИЗА ПАЙВАСТАМ"

Суол: Чӣ гуна пайвастед, бо иродаи худ ва ё ташвиқи касе?

Фатҳулло Хайриддинов: Аслан падарам ва бародарам бо ин ҳаракатҳо шарик буданд. Вақте ин ҳодисаҳо ба вуқӯъ пайваст падарам бо мо хайрухуш карда ва ба тарафи Афғонистон ҳиҷрат карданд. Вале дар ёдам ҳаст, ки ҳанӯз падарам норафта буданд, ки ман ҳамон вақт ирода ба мубориза карда будам, гарчанде падарам маро таъкид карда буд, ки ягонҷо наравам ва саробони апаву хоҳарҳоям бишавам. Раҳматии бародарам калонтар буд ва дар ин чизҳо боз беҳтару хубтар сарфаҳм мераф. Падарам гуфт, ки вай дар ин муборизаҳо мераваду ман бояд онҳоро нигоҳ кунам. Лекин мо ҳам фарзандашон ҳастем. Бача будем. Мард будем. Вақти хайрухуш ва видоъ бо падар, ба ман бисёр сахт таъсир кард. Ҳамон ҷо ӯ норафта буд, ки ман дар дилам қарор гузошта тасдиқ карда будам, ки то вақти омадани Шумо, мо иншооллоҳ ҳамроҳ мешавем ва муборизаро пеш мебарем. Рафтанду мо ҳам рафтем. Боз дар шоҳидии худо дар дараи Ҳакимӣ, дигар касе набуд, дар тобистони соли 1993 ҳамин гуна аҳд карда будам. То вақте зиндаем дигар ягонҷо намеравем аз Тоҷикистон. Дар ҳаминҷо ҳастем ва дигар муборизаро давом додем то замоне, ки сулҳу оштӣ ба даст омад

"СУЛҲРО БА ҶОНУ ДИЛ ҚАБУЛ КАРДАМ"

Суол: Сулҳро чӣ хел қабул кардед?

Фатҳулло Хайриддинов: Раҳбарияти Наҳзати исломӣ, ки қабул кард, мо низ бо ҷону дил қабул кардем ва дигар супоришро иҷро кардем.

Суол: Вақте сулҳ шуд чӣ вазифа доштед?

Фатҳулло Хайриддинов: Аввал дар вазорати мудофиа командири рота, баъд дар ин вазорат ҷонишини командири баталйон, ки то 2001 идома дошт ва баъд командири СОБР-и МВД таъин шудам ва то моҳи феврали соли 2007, агар хато накунам, кор кардам.

ЧАРО МУЛЛО АБДУЛЛО СУЛҲРО НАПАЗИРУФТ?

Суол: Чаро Мулло Абдулло сулҳро напазируфт?

Фатҳулло Хайриддинов: Вай бештар дар ин фикр буд, ки оянда фиреб медиҳанд ва равонаи зиндон месозанд. Ин суханҳо ва сӯҳбатҳояш ҳамеша буданд.

Суол: Яъне ӯ эътимод ва эътиқод надошт, ки ин сулҳ сулҳи воқеӣ аст?

Фатҳулло Хайриддинов: Бале, ҳамон вақт ӯ бовар намекард, қабул надошт, ки ин сулҳи дуруст аст. Ба ҳамин хотир вай қабул накард. Мо бисёр кӯшиш кардем, ки ӯ ҳам дар ин ҷараён бошад, аммо қабул накард. Ҳама вақт фикраш ҳамин буд, ки мо фиреб мехӯрем

Суол: Шумо кай оила барпо кардед?

Фатҳулло Хайриддинов: Соли 1995 дар дараи Ҳакимӣ хонадор шудам. Ҳозир шукри Худованд шаш фарзанд дорам.

ЧӢ ГУНА ФАТҲУЛЛО "ЭШОНИ ДАРОЗ" ШУД?

Суол: Чаро шуморо Эшони Дароз мегӯянд?

Фатҳулло Хайриддинов: Ин тахаллусро ба ман дар даврони мубориза доданд. “Эшон” гуфтанашон аз ҳисоби худораҳматии бобоям- Эшони Тоҷ ва "Дароз"-ро изофа карданашон аз ҳисоби қоматбаландӣ, баландии қадам аст. Исмамро қариб, ки намедонистанд. Дар онҷое, ки зиндагӣ мекардам ин тахаллус номи аслиамро аз байн бурд. Дигар шудем Эшони Дароз ва ҳамин тавр номи аслиам фаромӯш шуд.

ВАЗИРИ МУДОФИА АЗ ИСКАНДАРОВ ЧӢ ПУРСИД?


Суол: Ин ҷо ишора кардед, ки маъмурони маҳбас гумон кардаанд, ки Шумо барои он даст ба муборизаи низомӣ задед, ки хонаҳоятонро сӯзониданд. Дар воқеъ ҳамин тавр буд?

Фатҳулло Хайриддинов: Дар маҳбас тибқи маъмул роҳбарон ва масъулини зиндон бо ҳар яке аз маҳкумшудаҳо, ки ба зиндон оварда мешаванд, сӯҳбатҳо доир мекунанд. Дар яке аз чунин сӯҳбатҳо дар ин бора саволу ҷавоб шуда буд ва маро ҳам аз солҳои аввали мубориза ва дигар чизҳо пурсида буданд. Гуфтанд, ки кай ва кӣ хонаҳоямонро алов зад? Гуфтам, ки Кофарниҳон омаданд, хонаҳоямонро алов заданд, вале мо баъдтар ва аз ноҳияи Нуробод ба мубориза шарик шудем. Якҷо шудем бо муборизони Наҳзати исломӣ. Онҳо фикру андешаашон ин буд, ки ман барои хонаҳоямонро алов задан, ба ҳамин хотир ба мубориза рафтаам. Ман гуфтам, ки на. Ин хонаҳоро барои ман не, барои падару бародарам алов зада буданд. Вале мо медонистем, ки роҳамон мубориза аст ва баъди ҳиҷрати падар, мо пайвастем бо муборизони Наҳзати исломӣ. Ин пурсишро вақте, ки маро аз Сизо ба маҳбас мебурданд онҷо дода буданд.

Суол: Гуфтед, ки Шералӣ Хайруллоев бо Маҳмадрӯзӣ Искандаров ҳам сӯҳбат кардааст? Дар чӣ бора буд ин сӯҳбат?

Фатҳулло Хайриддинов: Искандаровро пурсиданд, ки кадом саволу дархосте дорад ё на? Вай гуфт, ки савол надорад. На савол дод ва на дархост кард.

Зиндагиномаи Эшони Дароз

Фатҳулло Хайриддинов-мулаққаб ба "эшони Дароз", аз собиқ фармондеҳони ИНОТ дар моҳи феврали соли ҷорӣ ва пеш аз анҷоми мӯҳлати ҷазо, шартан озод шудааст. Эшони Дароз дар солҳои ҷанги шаҳрвандии 1992-1997-и Тоҷикистон яке аз фармондеҳони нерӯҳои мусаллаҳи оппозисиюни тоҷик дар навоҳии навоҳии Нуробод ва Ваҳдат буд. Дар ин солҳо ӯ ба қумандони дигари оппозисиюни тоҷик мулло Абдулло (Абдулло Раҳимов) итоат мекард. Эшони Дароз баъди имзои Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ дар соли 1997, яке аз аввалин фармондеҳони мухолифини тоҷик буд, ки якҷо бо размандагонаш бо нерӯҳои ҳукуматӣ ҳамоиш кард. Ӯ тибқи саҳмияи сидарсадӣ, ибтидо дар вазорати мудофиа ва сипас дар вазорати умури дохила хидмат карда соҳиби рутбаи низомии подполковник низ мешавад. Эшони Дароз дар тобистони соли 2007 аз тарафи маъмурони пулис бо иттиҳоми ширкат дар қочоқи маводи мухаддир дастгир ва дар соли 2008 аз сӯи Додгоҳи Олии Тоҷикистон барои даст доштан дар қочоқи маводди мухаддир, чандҳамсарӣ ва сӯиистифода аз мақоми давлатӣ барои нӯҳ сол равонаи зиндон мешавад. Соҳиби шаш фарзанд аст. Падари ӯ эшони Хайриддин тӯли чандин сол раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ноҳияи Ваҳдат будааст.
XS
SM
MD
LG