Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Танҳо медали биринҷии Анвар Юнусов дар Боку


Анвар Юнусов
Анвар Юнусов

Дастаи мунтахаби бокси Тоҷикистон аз мусобиқаи байналмилалии “Роҳи бузурги абрешим” бо як медали биринҷӣ баргашт.

Мирзо Шамсиев, мураббии дастаи Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, дар ин мусобиқаи анъанавӣ, ки барои бори 21-ум дар пойтахти Озарбойҷон баргузор шуд, ба ҷуз аз мизбонон муштзанҳои Гурҷистон, Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Туркия, Узбакистон ва Эрон иштирок кардаанд.

Намояндагони дигари Тоҷикистон Фурқатҷони Одилхон, Суннатулло Ҷабборов ва Ҷаҳон Қурбонов дар даври муқаддамотӣ аз рақибонашон шикаст хӯрданд...


Дастаҳои Қазоқистон, Озарбойҷон ва Русия ҳар кадом се медали тилло гирифтанд. Як нишони тилло насиби намояндаи Туркия гардид.

Аз чаҳор варзишгари тоҷик танҳо Анвар Юнусов дар вазни то 56 килограмм мақоми саввумро касб кард ва бо медали биринҷӣ сарфароз шуд. Вай дар даври аввал бар рақибаш Мирад Гуркадзеи гурҷӣ аз рӯи имтиёз бо ҳисоби 4:0 пирӯз шуд, вале дар нимфинал аз Раҳим Наҷафови озарбойҷонӣ бо ҳисоби 3:5 мағлуб гашт.

Намояндагони дигари Тоҷикистон Фурқатҷони Одилхон (то 60 кг), Суннатулло Ҷабборов (то 81 кг) ва Ҷаҳон Қурбонов (то 91 кг) дар даври муқаддамотӣ аз рақибонашон шикаст хӯрданд.

Ғолибони мусобиқа:

49 кг – Фарҳод Паҳлавон (Туркия)
52 кг – Турал Аҳмадов (Озарбойҷон)
56 кг – Мадӣ Шулаков (Қазоқистон)
60 кг – Ғанӣ Жаляулов (Қазоқистон)
64 кг – Анор Ҷаъфаров (Озарбойҷон)
69 кг – Бахитҷон Кожабеков (Қазоқистон)
75 кг – Дмитрий Бивол (Русия)
81 кг – Ватан Ҳусейнлӣ (Озарбойҷон)
91 кг – Артур Бетербиев (Русия)
+ 91 кг – Магомед Умаров (Русия)

XS
SM
MD
LG