Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии Обама аз амалкарди давлати Баҳрайн


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико дар гуфтӯгуи телефонӣ бо Абдуллоҳ, шоҳи Арабистони Саудӣ ва Ҳамад, шоҳи Баҳрайн аз саркӯбии тазоҳургарон дар ин кишвар “ибрози амиқи нигаронӣ” кардааст. Ҷей Карнӣ, сухангӯи Кохи Сафед бо ибрози ин матлаб гуфт, Барак Обама ҳамчунин аз тарафҳо хостааст, то ҳадди мумкин хештандорӣ нишон бидиҳанд”. Пештар аз ин Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико кишварҳои арабиро барои эъзоми нерӯ ба хотири муқобила бо мӯътаризони аксаран шиъамазҳаб дар Баҳрайн интиқод кард. Дирӯз сарбозон ва полис барои рондани садҳо нафар аз тазоҳургарон аз майдони марказии шаҳри Манома, пойтахти Баҳрайн аз гази ашковар ва мошинҳои зиреҳпӯш истифода карданд. Шоҳ Ҳамад барои таъмини субот дар Баҳрайн, вазъи фавқуллода эълом кард ва аз кишварҳои Шӯрои Ҳамкориҳои Халиҷи Форс, бахусус Арабистони Саудӣ хост, ба кишвараш нерӯ фиристанд.
XS
SM
MD
LG