Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саидаи Сироҷиддин: "Ман аз шавқ мерақсам"


Cаидаи Сироҷиддин, ҳунарманди ҷавони тоҷик
Cаидаи Сироҷиддин, ҳунарманди ҷавони тоҷик

Саидаи Сироҷиддин, ҳунарманди ҷавонро рақси хос ва ҳаракатҳои мавзун ҳини иҷрои нахустин сурудаш дар синни 17-солагӣ, ба бинанда муаррифӣ кард.

Аммо ӯ ин рақсу ҳаракат ва имову ишораҳо ҳини сурудхониро табиӣ мегӯяд ва меафзояд чун аз саҳна берун шуд, ҳеҷ гоҳ он чунон рақсу ҳаракот карда наметавонад.

Бархе ҳунармандони собиқадор инчунин сурудхонии Саидаи Сироҷиддинро шабеҳи жанри ҳунарии феълан дар Тоҷикистон фаромӯшгаштаи лапарӣ(суруди омехта бо рақс ва имову ишора) медонанд. Ба қавли онҳо, ҳарчанд Саида дар ин маврид маълумот надорад ва ингуна ҳаракатро табии иҷро мекунад, аммо боз ҳам чизе аз ин жанри ҳунарӣ дар табиати ӯ ҳаст.

Ба гуфтаи ҳунармандон, мактаби лапархонӣ дар Тоҷикистон то солҳои 60-уми қарни гузашта вуҷуд дошт, аммо имрӯз шогирдони он мактаб боқӣ намондаанд. Ва тахмин мезананд, ки агар Саида талош кунад ва мутаваҷҷеҳи ин жанр бошад, шояд дубора лапархонӣ дар Тоҷикистон эҳё шавад.

Ба ҳар сурат Саида имрӯз рӯи саҳнаи тоҷик талошҳое барои сурдани таронаҳо дорад ва дар ин шумораи «Ситораборон», меҳмонӣ «Озодӣ» аст.

Саида:"Ман аз шавқи мухлисонам мерақсам"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:11 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG