Довари ин мусобиқа Саодат Одинаева, мураббии мактаби махсуси шоҳмоти Душанбе, ба радиои Озодӣ гуфт: «Дар ин мусобиқа 14 мард ва 10 зан ширкат карданд. Байни мардон Файзалӣ Нуралиев бо 11,5 хол аз 13 бозӣ барои бори 9-ум ба унвони қаҳрамони Душанбе даст ёфт. Темур Гадоев бо 10,5 хол дуввум шуд. Аминҷон Қобилов бо ҳамин миқдор холҳо ҷои саввумро азони худ кард. Дар сабқати занон Мутрибаи Илҳом ғолиб омад. Вай, ки дар ҳамаи 9 бозӣ бар рақибонаш пирӯзӣ ба даст овард, барои аввалин бор соҳиби медали тиллои сабқати бузургсолон гардид. Сарвиноз Каримова бо 8 хол дар ҷои дуввум ва Юлдуз Орифова бо 7 хол дар ҷои саввум қарор гирифтанд».
Ба иттилои Саодат Одинаева ғолибони мусобиқаи шаҳрӣ ҳуқуқ пайдо карданд дар мусобиқаи ҷумҳуриявии шатранҷбозон, ки моҳи май дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе баргузор мешавад, иштирок намоянд.
Ба иттилои Саодат Одинаева ғолибони мусобиқаи шаҳрӣ ҳуқуқ пайдо карданд дар мусобиқаи ҷумҳуриявии шатранҷбозон, ки моҳи май дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе баргузор мешавад, иштирок намоянд.