Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаҳон бо режими Қаззофӣ чӣ хоҳад кард?


Муаммар Қаззофӣ, раҳбари Либия
Муаммар Қаззофӣ, раҳбари Либия

Нерӯҳои содиқ ба Муаммар Қаззофӣ ба набардҳо алайҳи чирикиҳо дар шаҳри Зовия идома медиҳанд.

Шоҳидон мегӯянд, дар задухӯрдҳо барои касби назорат бар ин шаҳри воқеъ дар наздикии пойтахт, Троблус ё Триполӣ, то 50 тонк истифода мешавад.

Ҳавопаймоҳои Муаммар Қаззофӣ, раҳбари Либия, сангарҳои чирикиҳо дар атрофи Рослонуф ва Бин Ҷовид дар шарқи Либияро низ мавриди бомбборон қарор додаанд.

Идомаи набардҳои хунин дар Либия дар ҳолест, ки кишварҳои Ғарб роҳҳои муассиртари фишор ба режими Қаззофӣ ба хотири қатъи хушунатҳо дар Либияро низ баррасӣ мекунанд.

МАСЪУЛИЯТИ ХУШУНАТҲО БА ДӮШИ ҚАЗЗОФИСТ?

Барак Обама, раисҷумҳури Амрико
Аз замони оғози оӯшбҳои зидди режими 41-солаи Қаззофӣ дар Либия, Созмони милал, Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико алайҳи Қаззофӣ ва атрофиёни ӯ ҳадди аксари таҳримоти сангинро эъмол карданд, ки манъи ироаи раводиди сафар ба Қаззофиву фарзандони ӯ ва атрофиёнаш, мунҷамид сохтани суратҳисобҳои бонкии онҳо ва ҳам манъи фурӯши аслиҳа ба давлати ӯро дар бар мегирад.

Бо пешниҳоди Шӯрои ҳуқуқи башари СММ, додгоҳи байналмилалии Ҳейг ба таҳқиқи мавориди ҷиноёт алайҳи башарият дар ҷараёни саркӯбии эътирозҳои зидди Қаззофӣ пардохтааст.

Раисҷумҳури Амрико Барак Обама ахиран бори дигар таъкид кард, ки масъулияти ин хушунатҳо бар дӯши Муаммар Қаззофӣ ва атрофиёни ӯ хоҳад уфтод: "Мехоҳам ба онҳое, ки дар атрофи Қаззофианд, паёми хеле рӯшан бифиристам. Ин дар дасти худи онҳост, ки барои оянда ба кадом самт хоҳанд рафт ва масъулияти идомаи ҳар навъ хушунат дар онҷо бар дӯши онҳо гузошта хоҳад шуд."

ТАҶОВУЗИ НИЗОМӢ?

Андерс фоғ Расмуссен, Дабири кулли НАТО
Амрико мегӯяд, ҳамаи роҳҳо, бо шумули таъмини силоҳ кардани чирикиҳо, дар дасти баррасии Вашингтон ва муттаҳидонаш дар паймони низомии НАТО қарор дорад. Аммо вазири дифои Амрико Роберт Гейтс гуфтааст, ҳар навъ иқдом дар қиболи буҳрони Либия бояд таҳти ҳимояти байналмилалӣ анҷом шавад.

Дабири кулли НАТО Андерс фоғ Расмуссен низ гирифтани ризоияти Шӯрои Амнияти СММ дар мавриди иқдомот алайҳи режими Қаззофиро зарур хондааст. Аммо Русия, ки ба ҳайси узви доимии Шӯрои Амният аз ҳаққи вето бархӯрдор аст, мегӯяд, мухолифи таҷовузи низомист.

Дар ҳоле ки роҳҳои расидагӣ ба буҳрони Либия дар Ғарб танҳо дар дасти баррасӣ қарор дорад, Муаммар Қаззофӣ дар паёми нави телевизиониаш Ғарб ва мушаххасан Амрикову Бритониё ва Фаронсаро айбдор кард, ки ба хотири даст ёфтан ба манобеи нафти Либия алайҳи кишвараш тавтиа мекунанд.

ФАРОНСА, БРИТОНИЁ, АМРИКО

Мӯсо Кавсо, вазири умури хориҷии режими Қаззофӣ низ тавтиаи Ғарб алайҳи ин режим будани ошӯбҳои ахири Либияро ҳақиқате ошкор медонад.

Вай дар ин бора гуфт: “Рӯшан шуда, ки Фаронсаву Бритониё ва Амрико феълан бо онҳое, ки дар Бенғозӣ рӯи кор омадаанд, дар тамос шудаанд. Яъне дар инҷо тавтиае ҳаст бо ҳадафи тақсими Либия. Шавоҳиди рӯшане дорем, ки ҳокии тавтиаи абарқудратҳо алайҳи Либия мебошад. Ин ҷое барои шакк надорад.”

Бо ин ҳама, дар ҳоли ҳозир аз иқдоми низомӣ дида, мавзӯе, ки бештар матраҳ мешавад, ҳарими барои парвозҳо мамнӯъ эълон кардани Либия аст, чунки Қаззофӣ ба хотири саркӯб кардани ошӯбҳо аз нерӯи ҳавопаймоҳо фаровон кор мебарад.

Фаронсаву Бритониё, Шӯрои ҳамкории кишварҳои халиҷ ва ахиран созмони Конфаронси кишварҳои исломӣ, ки 57 кишвари мусалмонии ҷаҳонро муттаҳид мекунад, аз ин пешниҳод ҳимоят мекунанд.

Вазири умури хориҷии Амрико Ҳилларӣ Клинтон аммо гуфтааст, чунин қарор бояд аз Шӯрои Амният бархезад, на аз Вашингтон.

НАТО ВА ҶАҲОНИ ИСЛОМ

Қарор аст, масъалаи ҳарими барои парвоз мамнӯъ эълон кардани фазои Либия рӯзи панҷшанбе дар нишасти вазирони дифоъи НАТО низ баҳс шавад. Аммо иҷрои чунин пешниҳод низ бидуни истифода аз ҳадди ақал нирӯҳои ҳавоӣ ғайримумкин ба назар мерасад.

Як суол ин аст, ки оё ин паймони низомӣ, ки алакай даргири ҷанги Афғонистон шудааст, то куҷо барои печидан боз ба як муноқишаи дигар дар ҷаҳони Ислом омода ҳаст?

Туркия, як узви калиди НАТО алакай гуфтааст, ки мухолифи истифодаи нерӯст.

Пешниҳоди бо силоҳ таъмин кардани чирикиҳо, ки бо нерӯҳои бакарат мусаллаҳтари Муаммар Қаззофӣ меҷанганд, низ ба мушкилоте азим рӯбарӯст. Бархе мақомоти Ғарб мегӯянд, дар бораи шахсияти раҳбарони ин чирикиҳо иттилои зиёде надоранд ва кумак ба онҳо чӣ пайомаде хоҳад дошт.

НАЗАР АЗ ТОҶИКИСТОН

Қосими Бекмуҳаммад (аз тарафи чап) ва Рашид Ғанӣ Абдулло дар студияи Радиои Озодӣ
Аз ин рӯ, баъид нест, агар пуштибонии Ғарб аз чирикиҳои Либия бо ироаи танҳо ёриҳои башарӣ маҳдуд шавад. Дастикам дар марҳалаи кунунӣ.

Кетрин Эштон, раҳбари идораи сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо гуфтааст, ин созмон дар садади ирсоли як ҳайъати низомӣ ба Либия аст, ки машғули расидагӣ ба бӯҳрони башарӣ ва интиқоли афрод ба маконҳои амн хоҳад шуд.

Вале дар ҳар сурат, оё шароите пеш хоҳад омад, ки барои кӯтоҳ кардани дасти Муаммар Қаззофӣ аз саркӯбии ошӯбҳо чорае ба ҷуз аз иқдоми низомӣ пеши Ғарб боқӣ намонад?

Оё қудратҳои дигари муҳими дунё ва ҳам кишварҳои мусалмонӣ ба чунин таҷовузи низомӣ чӣ вокуниш хоҳанд кард?

Бо ин суолҳо рафтем ба сӯҳбати таҳлилгари тоҷик Рашид Ғанӣ Абдулло.

XS
SM
MD
LG