Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талафоти ғайринизомиёни афғон дар ҷанг бештар шудааст


Созмони Милали Муттаҳид эълом кард, ки теъдоди қурбониёни ғайринизомии ҷанг дар Афғонистон соли гузашта ба ҳадди рекордӣ расидааст. Созмони Милал, ки ҳар сол талафот дар миёни ғайринизомиёни афғонро мешуморад, мегӯяд, соли гузашта бештар аз 2700 ғайринизомӣ дар ҷангҳои Афғонистон кушта шудаанд, ки дар муқоиса ба соли 2009 15 дар сад зиёд аст. Дар марги 75 дар сади онҳо ситезҷӯён гунаҳкор будаанд ва масъули 16 дар сади талафот дар миёни ғайринизомиён нерӯҳои хориҷӣ ва афғон хонда шудаанд. Одамрабоӣ ду баробар афзуда ба хушунат дар аз ҷануб ба шимол ва аз шарқ ба ғарби Афғонистон паҳн шудааст.
XS
SM
MD
LG