Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳои "IKAO" ба амнияти фурудгоҳи Душанбе


Фурудгоҳи шаҳри Душанбе
Фурудгоҳи шаҳри Душанбе

IKAO гуфтааст, фурудгоҳи байналмилалии Душанбе мувофиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ амал мекунад.


Бозрасии фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз тарафи IKAO ё Созмони байналмилалии ҳавонавардии шаҳрвандӣ ду ҳафта ҷараён гирифта, нозирони ин созмон ҷанбаҳои амниятии парвозҳо, мусофирон ва бағоҷи онҳо дар фурудгоҳро мавриди санҷиш қарор додаанд.

"АМНИЯТ ТАЪМИН АСТ"

Ин дар ҳолест, ки фурудгоҳи Душанбе бозмонда аз замони Шӯравист ва ба таъкиди коршиносон дар заминаҳои хадамот барои мусофирон, ҳуҷраҳои махсуси кӯмак ва дигар толорҳои муосир камбудҳои зиёде дорад.

Дар ҳамин ҳол, сохтмони терминали байналмилалии ин фурудгоҳ бо сармояи Фаронса ҷараён дорад ва дар сурати баҳрабардорӣ аз ин тарҳ ин фурудгоҳ қабои дигаре ба бар бар хоҳад кард.

Муҳаммадюсуф Шодиев, сухангӯи фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, гуфт, "натиҷаи санҷишро нозирон хуб арзёбӣ карданд. Зеро ба гуфтаи онҳо фурудгоҳи байналмилалӣ талаботи созмони байналмилалии ҳавонавардии шаҳрвандиро иҷро кардааст. Шурӯъ аз ҳуҷҷатгузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ, то масоили муҳим, таъмини амнияти авиатсионӣ то куҷо дар фурудгоҳ вуҷуд дорад. Аз он санҷишҳое, ки гузаронданд ва диданд, қонеъ гаштанд ва гуфтанд, ки амнияти авиатсионӣ, яъне амнияти парвозҳо, амнияти мусофирон ва амнияти бору бағоҷи мусофирон дар ин фурудгоҳ таъмин аст."

АММО ПАНҶ СОЛ ПЕШ АЗ ИН...

Аммо натиҷаи санҷише, ки ҳанӯз дар соли 2006 нозирони созмони байналмилалии ҳавонавардӣ анҷом дода буданд, камбудҳоеро дар фаъолияти фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ошкор карда буд, ки бештар ба ҷанбаҳои амниятии фурудгоҳ бастагӣ дошт.

Бахусус, он замон атрофи фурудгоҳ девор надошт ва ин амр амнияти парвозҳоро зери суол мебурд. Аз сӯи дигар, постгоҳҳо бо таҷҳизоти назоратӣ ва муосир муҷаҳҳаз набуданд.

Дар зарфи чанд соли ахир фурудгоҳ тавонист, ин мушкилро рафъ созад ва ҳоло ба таъкиди масъулон, на танҳо тамоми бахшҳо бо таҷҳизоти мосир насб шудаанд, балки дар фурудгоҳ дурбинҳо ё камераҳои назоратӣ низ гузошта шудааст, ки омили таъмини амнияти фурудгоҳ ва мусофирон дониста мешавад.

БА ШАРОИТИ ИМРӮЗ МУВОФИҚ НЕСТ?

Аз сӯи дигар ба таъкиди Муҳаммадюсуф Шодиев, дар чанд соли ахир дар масъалаи нигаҳдорӣ ва ҳифозати бору бағоҷи мусофирон низ беҳбудиҳо сурат гирифтааст.

Агарчӣ ҳанӯз ҳам бархе аз мусофирон аз интизории зиёд барои дарёфти бағоҷашон изҳори нигаронӣ мекунанд.

Сафари Абдулаҳад, як сокини Душанбе, мегӯяд, "фурудгоҳи Душанбе аз даврони Шӯравӣ аст ва ба шароити имрӯза мувофиқат намекунад. Ягон шароит барои шаҳрвандон вуҷуд надорад. Ҳатто шароити нишаст нест, курсиҳо аксарият оҳанин аст, ки дар фасли зимистон аз сардӣ нишаста намешавад. Дастшӯии дуруст надорад. Хосса, аксари шаҳрвадони Тоҷикистон мусалмон ҳастанд, шароити дастшӯӣ нест, чи расад барои намозу тафреҳ. Барои хӯрокхӯрӣ ҳам шароитҳо нест ва мусофире, ки бо кӯдакаш бошад, имкони нигаҳдории онро надорад, яъне толорҳои интизорӣ махсус вуҷуд надорад."

УМЕД БА ТЕРМИНАЛИ НАВИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Дарвоқеъ, ин паҳлуи масъала мояи таассуфи масъулони фурудгоҳи байналмилалии Душанбе низ будааст ва Муҳаммадюсуф Шодиев дар ин бора мегӯяд, "зеро мешавад мавридҳое, ки парвозҳо ба таъхир меафтад ва ё ҳавопаймо дер меояд, пешвозгирандагонро ҷо кардан даркор ва дигару дигар, аммо ҳамин гуна шароит муҳаё нест."

Аммо ба гуфтаи сухангӯи фурудгоҳи байналмилалии Душанбе он чӣ дилро умед мебахшад, сохтмони терминали нави байналмилалӣ аст, ки ҳамаи шароитҳои лозим дар чаҳорчӯби ин терминал дар назар гирифта мешавад.

Барои иҷрои ин тарҳ ҷониби Фаронса 20 миллион евро ва ҳукумати Тоҷикистон 7,5 миллион евро ихтисос додаанд. Терминали нав, тавассути ширкатҳои фаронсаии Alpha Airport ва SOFEMA Group дар майдони 11 000 метри мураббаъ ва барои дастикам 500 мусофир сохта мешавад.

Дар зимн, бинои фурудгоҳи Душанбе дар соли 1964 дар даврони Шуравӣ сохта шудааст ва ҳанӯз ҳам хадамот барои мусофирон, яъне аз сабтином то ворид шудан ба ҳавопаймо тибқи шеваи кӯҳна сурат мегирад, на он гуна, ки дар дигар фурудгоҳҳои байналмилалӣ дар як марҳала ва ҳамзамон сурат бигирад.

XS
SM
MD
LG