Онҳо масоили таҳкиму густариши минбаъдаи муносибот ва ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ кардаанд.
Осиф Алӣ Зардорӣ, раисҷумҳури Покистон гуфта, ки кишвараш омода аст, дастрасии Тоҷикистон ба бандарҳои обӣ, ба вижа, дар бандари Гвадарро соддатар кунад.
Ба навиштаи хабаргузории "Ассошиейтед Пресс", ин кишвар омода аст, қарордоди сеҷонибаи тиҷорати транзитии миёни Покистону Афғонистон ва Тоҷикистонро баррасӣ ва имзо кунад.
Раисҷумҳури Покистон ҳамчунин хостори афзоиши парвозҳо миёни ду кишвар шудааст.
Дар посух ба ин суханон раисҷумҳури Тоҷикистон хостори тавсеаи ҳамкориҳои бисёрҷонибаи ду кишвар, бахусус дар бахши энержӣ шуд.
Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки "Покистон давлати муҳими минтақа мебошад ва метавонад, ба мисли дигар дӯстони наздики мо, яке аз сармоягузорони асосӣ ба иқтисоди Тоҷикистон гардад."
Қарор аст дар дуввумин рӯзи боздидаш аз Покистон, ҷаноби Раҳмон бо Юсуф Ризо Гелонӣ, нахуствазири Покистон мулоқот анҷом бидиҳад.
Баъд аз мулоқот ҷонибҳои Тоҷикистону Покистон як силсила асноди ҳамкориҳоро имзо мекунанд, ки ин аснод ба Тоҷикистон имкони ҳамлу нақли транзитии молу коло аз тариқи бандарҳои Покистонро фароҳам хоҳад овард.
Раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи душанбе, 7-уми марти соли ҷорӣ, дар раъси як ҳайати баландпояи ҳукуматӣ ба Исломобод, пойтахти Покистон, рафт.
Дар ин сафар раисҷумҳурро вазири умури хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ, мушовири давлатӣ оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, вазирони энержӣ ва саноат, рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ, ҳифзи сиҳат ва дигарон ҳамроҳӣ доранд.