Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси ҷонибдорон ва мухолифони "Рӯзи модар"


Раисҷумҳури Тоҷикистон таҷлили "Рӯзи модар" дар кишварро гувоҳи мақому манзалати онҳо дар ҷомеа донист.

Ин дар ҳолест, ки масъулони Ҳизби коммунисти Тоҷикистон даъват доранд, ки ба ин ид номи қаблиаш - "Рӯзи байналмилалии занон" баргардонида шавад.

Зеро ба эътиқоди коммунистҳо, бо номи Рӯзи модар ҷашн гирифтани 8-уми март, на танҳо мантиқӣ нест, балки решаи таърихӣ низ надорад.

РӮЗИ ЗАНОН Ё МОДАРОН?

Соли севум аст, ки ҷомеаи Тоҷикистон аз 8-уми март ба унвони Рӯзи модар таҷлил мекунанд. Ҳарчанд мақомоти расмии Тоҷикистон имсол дар муқоиса ба солҳои пеш ба
муносибати таҷлил аз 8 -уми маросими вижаеро созмон надоданд, аммо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, қабл аз сафараш ба Исломобод, дар паёме модарони тоҷикро ба ин ҷашн табрик гуфт.

Президент Раҳмон ҷашни расмии давлатӣ эълом шудани Рӯзи модар дар Тоҷикистонро гувоҳи равшани мақому манзалати баланди модарон дар ҷомеаи ин кишвар арзёбӣ кард ва гуфт, "мардуми соҳибфарҳанги тоҷик аз қадимулайём ба қадру мартабаи волои модар арҷ мегузорад ва ба ҷо овардани ҳурмату эҳтироми модар то ба имрӯз яке аз суннатҳои миллии тоҷикон ба шумор меравад."

Ин дар ҳолест, ки дар муддати беш аз 70 соли даврони ҳукумати Шӯравӣ ва камтар аз 18 соли истиқлоли Тоҷикистон, ин ид чун номи замони шӯравиаш - Рӯзи байналмилалии зан ҷашн гирифта мешуд.

КОММУНИСТҲО МУХОЛИФИ "РӮЗИ МОДАР"


Шодӣ Шабдолов
Шодӣ Шабдолов, вакили парлумон ва раҳбари Ҳизби коммунисти Тоҷикистон хостори дубора баргардонадни номи ин ид шудааст. Вай дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "сад сол гузашт аз рӯзи иди байналмилалии ҳамбастагии занон. Ҳамбастагии занон ин фақат барои модар нест. Модар чи кор мекунад, дар хона менишинад ва намозашро мехонад. Аммо ин ҳамбастагии занони дунё барои озодӣ -озодии баён, озодии афкор, озодии интихобот, ҳуқуқ ба интихоб шудан, ҳуқуқ ба ноил шудан ба мақоми давлатӣ. Ин маънош дигар аст, на ин ки танҳо ба як модар».

Раҳбари коммунистҳои Тоҷикистон мегӯяд ба модар эҳтиром дорад, аммо меафзояд, бояд 8-уми мартро, ки аз сӯи Созмони милал ба унвони рӯзи байналмилалии озодии занон дар ҷаҳон эътироф шудааст, набояд махлут кард. Балки ба андешаи Шодӣ Шабдолов бояд рӯзи алоҳидаеро барои ҷашни модар ихтисос дод.

Аммо дар ҳоле, ки сарвари коммунистони тоҷик чунин андешаеро пеш меорад, Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини раҳбари ҲНИТ мегӯяд, "агар воқеан рӯзи модарро бихоҳем ва сирф аз нигоҳи ислом ва динамон зинда кунем мешавад, ки рӯзи таваллуди яке аз занҳои бузурги ислом, духтари пайғамбари оламро бонуи ислом - Ҳазрати Фотимаро пайдо кунем ва ба унвони рӯзи модар таҷлил кунем. Аммо шудани ин ба фикрам аз ҳақиқат дур аст. Аммо ҳамин рӯзи модар худ як қадам ба пеш аст."

ЯК РӮЗИ БОНУВОН

Бештари мардум, бахусус мардҳо дар Тоҷикистон аз Рӯзи модар истиқбол мекунанд ва аксари онҳо мегӯянд маҳз ин рӯз иди хос барои модарону занон ва духтарон аст, ки онҳо метавонанд модарону хоҳарон ва занони худро табрику кунанд ва тӯҳфаеро барояшон ҳадя созанд.

Албатта, дар муқобили 8-уми март, ки ҷашни занону модарон дар Тоҷикистон дониста мешавад, 23-юми феврал, ки рӯзи таъсиси Артиши Миллист, чун рӯзи мардҳо ёд мешавад.

Аммо бо ин ҳам шоири ҷавони тоҷик Робиа, ки модари се фарзанд аст, гуфт, "ҳамон рӯзи бонувон хеле хуб буд. Зеро иди модар ҳам дар дохили ҳамин ид буд. Ҳама бонувонро, модару хоҳару дугона ва ҳар духтари дигарро метавонисти табрик кунӣ. Ҳозир ҳамон зебоие, ки дошт, гум кард. Ҳоло вақте, ки як ҷавон мехоҳад хонуми дӯстдоштаашро табрик кунад ва ё мехохӣ хоҳаратро табрик кунӣ, вай духтар аст ҳоло модар нашудааст. Аслан инро иди модар гуфтану онро маҳдуд карданд. Фикр мекунам, хеле духтарҳоро дар ин рӯз аз гирифтани тӯҳфаҳо маҳрум карданд."

"РӮЗИ МОДАР" СОБИҚАИ ТАЪРИХӢ ДОРАД?

Аммо мақомоти давлати Тоҷикистон, ба хусус Эмомалӣ Раҳмон, дар се соли пеш, ҳангоме, ки 8 март - Рӯзи байналмилалии озодии занонро, Рӯзи модар эълом кард, дар паёми табрикиаш он идро ҷашни маснӯъие номид, ки ба гуфтаи ӯ, “ ба мардуми мо иртиботи миллӣ надорад.”

Президент Раҳмон гуфта буд, ки рӯзи байналмилалии занон собиқаи ҳамагӣ садсола дорад, дар ҳоле ки дар тамаддуни ориёӣ ҳанӯз се ҳазор сол қабл ба хотири ба ҷо овардани эҳтироми занону модарон ҷашни хосае доштаанд.

Дар чанд соли ахир давлати Тоҷикистон талош кардааст, то дар канори расму оинҳои миллӣ ҷашнҳои расмии давлатиро низ танзим кунад ва ба онҳо ҳусну қубҳи тоза бахшад.

Рӯзи модар аз ҷумлаи ин ҷашнҳои расмии давлатӣ аст, ки таътилӣ аст. Аммо бархе фарҳангшиносон бар ин назаранд, ки давлати Тоҷикистон набояд меросбари Шӯравӣ бошад ва танҳо бо дигар кардани ном, ҷашнҳои он замонро таҷлил кунад, балки санаҳои хосеро дарёбад, ки моли таърихии давлату миллати тоҷик бошанд.
XS
SM
MD
LG