Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии ИМА аз вазъи озодии дин дар Тоҷикистон


Сафири Иёлоти Муттаҳида дар САҲА мегӯяд, тарҳи Қонуни масъулияти волидон хилофи озодии дин аст.

Иен Келлӣ дар гузорише ба Созмони амният ва ҳамкории Аврупо гуфт, кишвараш аз маҳдуд шудани ҳаққи масҷидравии кӯдакону наврасон ва занон нигарон аст. Вай афзуд, Иёлоти Муттаҳида аз ҳукумати Тоҷикистон даъват мекунад, дастури манъи ширкати афроди то 18-сола дар маросимҳои диниро бекор намояд.

Ин дастур дар тарҳи Қонуни масъулияти волидон дар таълим ва тарбияи фарзандон шомил шуда, ҷомеаҳои динии Тоҷикистон аз он изҳори нигшаронӣ кардаанд.

Намояндаи Иёлоти Муттаҳида гуфт, ин нукта «озодии динро ҷиддан нақз мекунад.»

Вай афзуд, бархе аз кишварҳо бо баҳонаҳои таъмини амнияти сиёсӣ ба ҷомеаи диндорон фишор меоранд ва онҳоро аз иҷрои фаризаҳои динӣ маҳрум мекунанд.

«Шадидтарин нақзи озодии дин дар кишварҳое мавҷуд аст, ки ҳукуматҳои авторитарии онҳо талош меварзанд, бо мақсади зери назорат гирифтани ҳамаи ҷанбаъҳои ҳаёти сиёсӣ ва шаҳрвандӣ ҳама гуна андешаи динӣ ё изҳори ин андешаро ба худ тобеъ гардонанд.»

Сафири Иёлоти Муттаҳида дар САҲА дар нишасти байнулмилалии созмон дар Вена рӯзи 3-уми март Тоҷикистон, Узбакистон ва Туркманистонро аз ҷумлаи чунин кишварҳо номид.

Дар ҳамоиши гузашта, Иен Келлӣ вазъи озодии матбуот дар Тоҷикистонро шадидан зери танқид гирифта, фишори додгоҳӣ ва латукӯбе тарсондани журналистотнро аз монеаҳои рушди озодии баён дар Тоҷикистон унвон карда буд.

Вале дар посух ба сӯҳбатҳои тозаи ӯ, намояндаи доимии Тоҷикистон дар САҲА, Нуриддин Шамсов гуфт, кишвараш ба ӯҳдадориҳои хеш дар таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон садоқат дорад, вале гуфт ӯ, "ба масъалаҳои ҳуқуқи башар бояд бо назардошти тундравӣ, терроризм ва таҳдидҳои фаромарзӣ, ки аз хориҷи қаламрави САҲА сар зада, дар ҳоли афзоишанд, расидагӣ шавад."

Сафир Шамсов афзуд, бо вуҷуди ин Тоҷикистон барои баррасии масъалаҳои мартаҳшуда боз ва омода мебошад.
XS
SM
MD
LG