Пайвандҳои дастрасӣ

Шӯрои варзиши Тоҷикистон таъсис ёфт


Лаҳзаи сӯҳбати раисҷумҳур бо варзишгарони тоҷик (Акс аз бойгонӣ)

Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш таъсис дода шуд.

Алимаҳмад Мирзоев, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, мегӯяд, ахиран дар ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон низомнома ва ҳайати Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш тасдиқ шудааст.

Вай ба радиои Озодӣ дар ин бора гуфт: “Сарвазири кишвар раиси Шӯро, муовини сарвазир, масъули соҳа ва раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон муовинони раиси Шӯро таъин шуданд. Ба аъзои Шӯро роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, раисони вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, Кумитаи Марказии Ташкилоти мададгори мудофиа, федератсияи дзю-до, Ассотсиатсияи хабарнигорони риштаи варзиш, Созмони олимпичиёни Тоҷикистон, мудири иҷроияи Корхонаи воҳиди давлатии “Ширкати алюминийи тоҷик”, сардори КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, раиси Раёсати Бонки амонатгузорӣ “Амонатбонк”, раисони ҷамъиятҳои саҳҳомии кушодаи Агроинвестбонк” ва “Ориёнбонк”, инчунин, варзишгарони маъруфи тоҷик Расул Боқиев ва Дилшод Назаров дохиланд”.

Алимаҳмад Мирзоев иброз дошт, ки ин Шӯро бар асоси нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи мулоқоташ бо варзишгарони кишвар таъсис шудааст.

Вай афзуд, мақсади Шӯро татбиқи пурсамари сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, инчунин, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар ин самт мебошад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG