Барои намуна, агар аз гузаргоҳи ноҳияи Турсунзода дар соли 2000 рӯзе то 130 василаи нақлиётӣ убур мекард, ҳоло бино ба иттилои мақомоти гумрукии ин ноҳия ҳар рӯз ҳамагӣ то 20-25 мошини боркаш аз Эрону Туркия ва кишварҳои дигар вориди хоки Тоҷикистон мешаванд ва ё аз инҷо берун мераванд.
Яке аз сабабҳои коҳиш ҳамасола боло рафтани пардохтҳои гумрукии ронандагон ба мақомоти Узбакистон аст. Чунончи, сар аз моҳи марти соли равон ширкатҳо ва соҳибкорони хориҷӣ, ки бору колои худро аз тариқи Узбакистон вориди хоки Тоҷикистон мекунад, ба хадамоти гумрукии Узбакистон 230 доллар месупорад, ки чанд рӯз пеш ин таъруфа 200 доллар буд.
Барои ҳар мошину автобуси Тоҷикистон барои вуруд ба қаламрави Узбакистон ё хуруҷ аз он бояд 103 доллар дод. Пештар ин боҷи гумрукӣ 90 доллар буд. Мақомоти Узбакистон сабабҳои чунин афзоишро шарҳ надодаанд.
Дар масъалаи сабабҳои гароншудани боҷи гумрукии Узбакистон дар гузаргоҳҳои гумрукии ду кишвари ҳамсоя аз сафорати Узбкистон дар Тоҷикистон суол кардем, вале бо ҳар баҳонаи баъдтар занг занед, намояндагони ин сафорат ҳозир нашуданд посух диҳанд.
Вале барои мардум ва мақомоти Тоҷикистон ин боз як хабари нохушоянд аст, зеро ба гуфтаи Исмоил Талбаков, узви Кумитаи буҷа ва иқтисоди Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон он ба вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон таъсири манфӣ мерасонад. Вай мегӯяд: “Ин маблағ ба нархи молу колое, ки вориди бозори Точикистон мешавад, изофа хоҳад шуд. Ин албатта боз ҳам ба баланд шудани нарх дар бозори дохилии кишвар мешавад. Вале бояд як нуктаро ба эътибор гирифт, ки амалҳое, ки кишвари ҳамсоя карда истодааст, танҳо эҷоди мушкил барои Тоҷикистон мебошад. Ин фишорҳо дар робита ба сохтмони Роғун ва масъалаҳои дигар халқ карда мешванд, ки ҳадафмандонаанд.»
Ҷаноби Талбaков дар ин мавриди аз боздошти садҳо вагони ҳомили молу колои мухталифи Тоҷикистон дар истгоҳҳои роҳи оҳани Узбакистон, ки тайи як соли охир низ ёдовар шуд.
Устоди риштаи иқтисод дар Донишгоҳи милии Тоҷикистон, профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров мегӯяд,ки дар пасманзари болоравии нархҳо дар ҷаҳон ин бархӯрди Тошканд боз ҳам баҳои хусусан мавди ғизоиро дар Тоҷикистон бештар хоҳад кард:
«Ин амали ҷониби Узбакистон пеш аз ҳама ба колое, ки ба истилоҳи иқтисодӣ, қобили ҳамлу нақланд, ба мисли картошкаю сабзавоту мева ҳатман таъсир мерасонад ва нархи онҳо бештару бештар мекунад, вале ба назари ман, ин масъала бештар аз масъалаи иқтисодӣ дида, ба масъалаҳои сиёсӣ рабт дорад. Боз ҳам фишорҳои навбатии Тошканд бар болои Душанбе аст. Ҳама медонад, ки ин амалҳо пояҳои сунъӣ доранд.»
Дар посух ба ин суол, ки чаро Узбакистон аслан бо истифода аз ду фишанг, яке роҳи оҳан ва дигаре роҳи мошингард ба Тоҷикистон фишор меорад, коршиноси Маркази пажӯҳишҳои стратегии вобаста ба раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, Фирӯз Саидов, чунин изҳори назар мекунад: «Азбаски Тоҷикистон аз лиҳози ҷуғрофӣ дар як маҳдуда қарор дорад, Узбакистон бо ҳар роҳе хизмати боҷу гумрук ва дигар соҳаҳои худро гарон мекунад. Тоҷикистон бештар роҳҳои алтернативӣ медошт, шояд ба ин мушкилоти пайҳами Тошканд дучор намешуд. Вале ин амал низ бояд меъёри муайян дошта бошад.»
Дар ҳамин ҳол як манбаъ дар идораи Роҳи оҳани Тоҷикистон иттилоъ дод, ки тайи чаҳор моҳи ахир масъалаи ҳаракати тронзитии вагонҳои Точикистон дар қаламрави Узбакистон осонтар шудааст, ба ҷуз ин ки Хадамоти гумрукии Тошканд тақрибан рӯздармиён то даҳ вагони ҳомили коло ба самти Тоҷикистонро дар истгоҳи Кудуклии ин кишвар бидуни шарҳу тавзеҳ бозмедорад ва бори онҳоро барои чанд рӯз мавриди санҷиш қарор медиҳад.