Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Дружба:«Ҳукумати Хатлон маблағи моро баргардонад»


Ҳабибулло Алисултонов, намояндаи ваколатдори ширкати "Дружба"
Ҳабибулло Алисултонов, намояндаи ваколатдори ширкати "Дружба"

Ширкати тиҷоратӣ саноатии «Дружба» -и шаҳри Нижни Новгороди Русия ба додгоҳи Олии иқтисодии Тоҷикистон алайҳи ҳукумати Хатлон шикоят бурдааст.

Ин ширкат ҳукумати вилояти Хатлонро дар барнагардондани маблағи қарзии ин ширкат муддати 18 соли ахир муттаҳҳам медонад.

Он гуна, ки Ҳабибулло Алисултонов, намояндаи ваколатдори ин ширкат имрӯз 28-уми феврал дар шаҳри Душанбе ба хабарнигорон эълом кард, «ширкати мо моҳи декабри соли 1993 ба маблағи беш аз 1 миллиону 800 ҳазор доллари амрикоӣ 70 адад мошини сабукрави тамғаи «ВАЗ - 02 107» ва 2550 тона сӯзишвории дизелӣ ба вилояти Хатлон ворид кардааст. Аммо бо вуҷуди дархостҳои мукаррар ва дастуроти раиси ҷумуҳури Тоҷикистон ва нахуствазир, ин маблағ ба мо баргардонад нашудааст».

Ба гуфтаи ҷаноби Алисултонов, ҳукумати вилояти Хатлон бо дастури ҳукумати кишвар маблағи 65 ҳазор долларро баргардонда, ҳамакнун аз додани маблағи боқимонда сарпечӣ мекунад.

Зимнан ба таъкиди Ҳабибулло Алисултонов, то кунун ду марҳала аз қазияи додгоҳии масъалаи мазкур дар Додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон сурат гирифтааст, ки ҳарчанд бори аввал додгоҳ баргардондани маблағи қарзиро зарур шуморидааст, аммо дар марҳалаи дуввум ин тасмими додгоҳ бо фишори ҳукумати вилоят бекор шудааст.

Ба ин далел ширкати «Дружба» ба Додгоҳи Олии иқтисоди Тоҷикистон шикоят бурдааст, то ба даъвояш расидагӣ кунанд ва маблағҳои қарзиро ҳукумати вилояти Хатлон баргардонад.

Ҳабибулло Алисултонов мегӯянд, дар сурати мусбат ҳал нашудани ин қазия, ба додгоҳҳои байналмилалӣ мурофиат хоҳад кард. Зеро ба андешаи вай чунин амалкарди мақомоти вилояти Хатлон, нақзи муқаррарот ва қавонини байнидавлатӣ аст.

Дар ҳоле, ки ба таъкиди вай ин мавзӯъ дар сатҳи Кумиссиюни байнидавлатии Тоҷикистон ва Русия матраҳ шуда ва ҷониби Тоҷикистон тааҳҳуд карда буд, ки ин маблағро марҳала ба марҳала бармегардонад.

Ҳамчунин дар нишасти хабарии намояндагони ширкати «Дружба» -и Нижни Новгороди Русия таъкид гардид, ки ҳатто вазорати молияи Тоҷикистон ба ин манзур аз будҷа ба вилояти Хатлон маблағ ҷудо кардааст, аммо ҳукумати вилояти Хатлон аз баргардондани маблағи қарзӣ худдорӣ карда ва онро барои дигар соҳа сарф кардааст.

Масъулони ҳукумати Тоҷикистон то кунун дар ин замина ибрози назаре накардаанд. Аммо таҳлилгарон мегӯянд, ин амр метавонад ба имиҷи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва ҷалби сармояҳои хориҷӣ ба ин кишвар асар гузорад.

Ин дар ҳолест, ки қаблан Бритонияи Кабир эълом кард, ки мизони кӯмакҳо ба Тоҷикистонро коҳиш хоҳад дод. Ин кишвар далели аслиро дар сирқати маблағҳои кӯмакӣ ба Тоҷикистон арзёбӣ кард.
XS
SM
MD
LG