Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Поёни баррасии тарҳи "Қонуни масъулияти волидон"


Баррасии тарҳи қонуни масъулияти волидон, ки раисҷумҳур пешниҳод карда буд, баъд аз дуним моҳ ба поён расид.

Мақомоти Вазорати маорифи Тоҷикистон мегӯянд, дар тӯли ин муддат бештар аз севуним ҳазор пешниҳод тавассути мардум ва корхонаву муассисаҳо ироа шудааст.

Шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон дар ин баррасии оммавӣ ва аз тариқи он таблиғи густардаи тарҳ саҳм гирифтанд, аммо аз пахши ақидаи мухолифони тарҳ куллан худдорӣ кардаанд.

Ноилшо Нуралиев, сухангӯи ин вазорат гуфт, "гурӯҳи кории ҳукумат, ки вазорату ниҳодҳои давлатӣ шомили онанд, тайи як моҳи оянда тамоми пешниҳодҳоро маврид омӯзиш қарор дода, дар сурати мувофиқ будани онҳо ба қонунгузорӣ, ба лоиҳа ворид карда мешаванд."

Ба гуфтаи Нуралиев, пас аз такмили лоиҳа бо пешниҳодҳои ироашуда, он ба раисҷумҳур ва парлумон пешкаш мегардад.

Мақомоти давлатӣ аз баррасии умумихалқии тарҳи "Қонун дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" истиқбол карда, гуфтанд, ки ин иқдом дар ҷиҳати масъулият нишон додани волидон ва ҷалби фарзандон, бахусус духтарон ба мактаб кӯмак кардааст.

Аммо як бахше аз ҷомеа ба ин тарҳ мухолифат карда, аз тазоди чанд нуктаи он ба Қонуни асосии Тоҷикистон ва эҷоди маҳдудиятҳои эҳтимолӣ барои наврасону ҷавонон интиқод кардаанд. Мунтақидон бахусус ба нақз шудани таълими динии кӯдакону наврасон дар ин лоиҳаи қонун ишора мекунанд.

Лоиҳаи "Қонун дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" ба ибтикори президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар 14-уми декабри соли гузашта ба муҳокимаи умумихалқӣ гузошта шуд.
XS
SM
MD
LG