Маликшоҳ Неъматов, ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва ҳамзамон раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар дар бораи фаъолияти Кумитаи миллии олимпӣ дар солҳои 2009-2010 ҳисобот дод. Вай аз ҷумла гуфт: “Варзишгарони тоҷик дар тӯли ду соли ахир дар чандин мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ ва байналмилалӣ ширкат карда, ба дастовардҳои назаррас мушарраф шуданд. Чунончи, дар нахустин Бозиҳои олимпии наврасон дар Сингапур Баҳодур Қодиров дар гуштии озод соҳиби медали нуқра ва Шукрона Шарифова дар намуди таэквон-до WTF барандаи медали биринҷӣ гардиданд. Варзишгарони тоҷик, инчунин, порсол дар Бозиҳои XVI осиёӣ дар шаҳри Гуанҷоуи Чин чаҳор медал – 1 тилло ва 3 биринҷӣ ба даст оварданд. Дилшод Назаров дар гурзандозӣ медали тилло гирифт. Ҷаҳон Қурбонов дар риштаи бокс, Расул Боқиев дар навъи дзю-до ва Муродҷон Тӯйчиев дар гуштии юнониву румӣ бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд”.
Ҷаноби Неъматов, ҳамчунин иброз дошт, моҳи декабри соли 2010-ум мулоқоти президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамзамон президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар маҳсуб мешавад, бо варзишгарон барпо гардид. Вай афзуд: ”Дар заминаи ин мулоқот нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мавриди рушди варзиш дар кишвар таҳия шуда, мавриди иҷро қарор гирифтааст. Дар ин барнома бештар ба сохтмони иншооти варзишӣ дар тамоми манотиқи кишвар таваҷҷӯҳ зоҳир шудааст. Инчунин бар асоси нақшаи чорабиниҳои мазкур барои рушди варзиши ҳирфаӣ ва ширкати бомуваффақияти варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои олимпӣ, мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ ва байналмилалӣ андешидани бисёр тадбирҳо, минҷумла бунёди марказҳои омодагии олимпӣ, дар назар аст. Бо супориши раисиҷумҳури кишвар мо ба Ҳукумати ҷумҳурӣ барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро барои солҳои 2011-2015 таҳия мекунем. Ҳамчунин ба Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, Кумитаи миллии олимпӣ ва Федератсияи футболи кишвар супориш шудааст, ки то моҳи апрели соли равон лоиҳаи Барномаи рушди футболро таҳия карда, ба Ҳукумати Ҷумҳурӣ пешниҳод намоянд”.
Дар ҷаласаи Ассамблеяи КМО нақшаи стратегии рушди ҳаракати олимпӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2011 -2012 тасдиқ шуд. Дар ин ҷаласа, инчунин, Федератсияи лижаронии Тоҷикистон ба иллати камфаъолиятӣ ва ҳамкорӣ накардан бо Кумитаи миллии олимпӣ аз узвияти КМО хориҷ гардид.
Ассостсиатсияи намудҳои варзиши зимистонаи Тоҷикистон ба узвияти Кумитаи миллии олимпӣ пазируфта шуд.