Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тӯҳфаи ман ба марди дӯстдоштаам


Ман Фараҳаноз, сокини шаҳри Душанбеям.

Нахуст, Рӯзи артиши миллиро, ки ҳамзамон рӯзи мардҳо ба шумор меравад, ба тамоми падарону бародарон ва додарон сидқан муборакбод мегӯям ва қиссаеро, ки мехоҳам ҳикоят кунам, худи ҳамин субҳ, яъне субҳи 23-юми феврал дар оилаи ҷавони мо рух дод, ки барои ману шавҳарам хеле ҷолибу хотирмон ва идона буд.

Борҳо аз даҳони одамон шунидаам, ки мегӯянд: Ёр бигир, дида бигир, дар дилат армон нашавад.

Вале ман чандон бо ин гуфта розӣ нестам. Чунки ману шавҳарам ҳамдигарро на дида будему на интихоб карда. Моро модаронамон ба ҳам шинос ва хонадор карданд. Вале ману шавҳарам ягон зарра пушаймон нестем ва борҳо ба модаронамон барои чунин як тасмим ва иқдом арзи сипос ҳам кардаем.

Моро гӯё Худо барои ҳамдигар офаридааст. Шавҳари ман ҷавони таҳсилкардаву боодоб, дасткушоду хеле дурандеш аст. Падару модар ва наздикони маро эҳтиром мекунду ман низ кӯшиш мекунам, барои волидони вай арӯс не, балки мисли духтарашон бошам.

Мо инак як сол бештар хондарем. Бо камтарин кор ва ё дуруст кардани ғизое маро таҳсину офарин мегӯяд ва дили маро ба худу дигар пайвандонаш гармтар месозад. Ва ман ҳам кӯшиш мекунам, ки сазовори ин гуна рафтору муҳаббати шавҳарам бошам.

Ман, ки ҳоло дар ҷое кор намекунам ва мо фарзанди нахустинамонро интизорем, ман хостам, дар рӯзи идаш, яъне 23-юми феврал барои шавҳарам як тӯҳфаи зебову хотирмоне кунам. Ва ман тайи 6 моҳ барои ин омодагӣ дидам.

Ман ҳаррӯз тангаҳои 10, 20 ва ё 50-дирама ва баъзан 1 сомониро, ки шавҳарам дар хона меафтонд, дар ҷайбаш ва ё болои ҷевон фаромӯш мекард ва ё бақияи хариди мағозаву бозорро ба дастам медод, ки шояд лозим мешавад, ман ҷамъ карда як ҷо мегузоштам. Ин пулҳои реза то рӯзи 23-юми феврал қариб 70 сомонӣ шуданд. Шавҳари ман, ки ашёи қадимиву таърихӣ ва атиқаро бисёр дӯст медорад, ин 70 сомониро ман ба хоҳари шавҳарам додаму хоҳиш кардам, ки аз ҳамин қабил чизҳо ягон тӯҳфаи аҷибе бихарад.

Ва ман рӯзи 23-юми феврал дар рӯи дастурхони субҳонаи шавҳарам торти хушмаззаеро, ки ҳанӯз шаб аз шавҳарам пинҳонӣ пухта пинҳон карда будам, гузоштам ва барои бедор кардани шавҳарам рафтам.

Ман ӯро бо меҳрубонӣ аз хоб бедор кардаму гуфтам, чашматро пӯш. Вай чаймонашро пӯшид ва ман тӯҳфаи коғазпечамро дар рӯ ба рӯяш, гузоштам. Коғази мунаққаши тилллоранг дар равшании чароғи хона медурахшид ва шуояш ҳуҷраи моро ҳам мунаққашу пурҷило карда буд.

Шавҳарам чашмонашро ва баъдан коғазпечро боз кард. Ӯ кӯзаи ба сабки қадимӣ наққошишударо дида, аз ҷояш парида хест ва чашмонаш аз шодӣ дурахшиданд. Шавҳарам бо тавсифҳову арзи сипоси фаровон тӯҳфаи ночизи маро тамошо карду барои чунин як интихоби, ба гуфтаи ӯ, зебо, маро ба оғӯш гирифту бӯсид. Ин бӯса аз бӯсаҳои қаблӣ фарқ мекард, чунки ба маротиб ширинтару гармтар ва идона буд. Ва вақте ба шавҳарам гуфтам, ки ин тӯҳфаро аз кадом ҳисоб барояш харидаам, садои хандоханду шодмонии мо дигар пайвандонамонро ҳам ба ҳуҷраи хурдакаки мо овард ва ҳама якҷоя сари дастурхони идона нишастем.

Ба наздикони худ тӯҳфа ва ҳадя карданро фаромӯш накунед. Бигзор ин тӯҳфаҳо бузург набошанд, вале шодии бузург хоҳанд овард.
XS
SM
MD
LG