Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии ҳамкориҳои САҲА ва Тоҷикистон дар Душанбе


Ҳерберт Залбер, мудири Маркази муноқишаҳои САҲА бо вазири умури хориҷии Тоҷикистон мулоқот кардааст.

Ҳерберт Залбер, мудири Маркази пешгирии муноқишаҳои САҲА шоми 21-уми январ бо вазири корҳои хориҷии хориҷаи Тоҷикистон мулоқот анҷом дода, масоили ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор додаанд.

Масъалаи субот ва амният дар Афғонистон низ дар меҳвари гуфтугӯи намояндаи САҲА бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон будааст.

Қарор аст, ҷаноби Залбер бо мақомоти дигари тоҷик мулоқоту гуфтугӯ анҷом диҳад.

Ҳамзамон имрӯз дар Душанбе нишасти навбатии гурӯҳи махсуси САҲА ва Тоҷикистон баргузор мешавад.

Дар он аз ҳамкориҳои дуҷониба дар як сол натиҷагирӣ ва ҳам доир ба ҳамкориҳо дар оянда сӯҳбат мекунанд.

Дар остонаи ин нишаст, Ҳерберт Залбер, мудири Маркази пешгирии муноқишаҳои САҲА, доир ба мавзӯъҳои мавриди баррасӣ дар нишаст гуфт:

Ҷавоб: Дар Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо мо маъмулан ҳамкориҳоро ба се ҳавза тақсим мекунем, ба сиёсӣ ва низомӣ, иқтисодӣ ва муҳитизистӣ ва ҳамчунин башарӣ. Мо масоили вобаста ба ҳамин ҳавзаҳоро баррасӣ мекунем, масалан дар бахши сиёсиву низомӣ мо бояд хати ҳамкориҳои оянда дар амри ҳимояти марзҳо ва нерӯҳои милиса дар Тоҷикистонро мушаххас кунем. Дар бахши дуввум, мо масъалаи мудирияти захираҳои обро низ баррасӣ мекунем. Дар бахши масоили башарӣ, доир ба вазъи матбуот ва озодии сухан, демократисозӣ, интихобот ва дигар масоили марбут дар Тоҷикистон гуфтӯгу мекунем.

Суол: Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ба Тоҷикистон дар заминаи посбонии марзҳо кӯмак мекунад. Ин кӯмакҳо дар оянда чӣ гуна хоҳад буд?

Ҷавоб: Мо бо Тоҷикистон дар таҳияи стротежии посбонии марзҳо ҳамкорӣ кардем, ки ин барнома такмил шуд. Ҳоло масъала шеваҳои иҷрои он стротежӣ аст. Мо чанд барномаи муштараки ҳифзи марзҳо дорем ва бахусус барномаи тамрини марзбононро идома хоҳем дод. Аз тарҳҳои ахири мо дар Душанбе таъсиси коллеҷи мудирияти нерӯҳои марзбонӣ аст. Ин ниҳоди Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупост, ки коршиносони арсаи марзбониро на танҳо аз минтақа ва Тоҷикистон, балки аз тамоми кишварҳои узви созмон барои баррасии мавзӯъҳои манофеъи муштарак гирди ҳам меорад.

Суол: Шумо гуфтед, ки вазъи матбуот дар Тоҷикистон низ мавриди баррасӣ қарор мегирад. Оё Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар ин нишаст, тамоюли ахир дар Тоҷикистон, манзурам ба додгоҳ кашидани ҳафтаномаҳои мустақил аз тарафи ниҳодҳои давлатиро бо мақомоти кишвар дар миён хоҳад гузошт?

Ҷавоб: Албатта мо ин масъаларо матраҳ хоҳем кард. Ин масъаларо то кунун намояндаи махсуси Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо бо мақомоти Тоҷикистон матраҳ кардааст. Шумо ҳам дуруст гуфтед, ки Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо аз Тоҷикистон интизориҳое дорад. Дар робита ба Тоҷикистон ҳам интизороти мо бамаврид аст, зеро Тоҷикистон як узви хонаводаи 56 нафарии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо аст, ки бар асоси аҳду арзишҳои муштарак ба ҳам пайвастаанд. Мо мисли дигар кишварҳои созмон бо Тоҷикистон ҳам дар мавриди масоили мушкилофар муколама мекунем.

Суол: Тавре зикр кардед, яке аз масъалаи дигари мавриди баррасӣ дар нишаст, мудирияти захираҳои об аст. Ҳоло ин як масъалаи ҳассос дар Осиёи Марказӣ шудааст. Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар ин замина ба Тоҷикистон ва дар маҷмӯъ кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ гуна кӯмак карда метавонад?

Ҷавоб: Мо масъалаи мазкурро бо ҳамкорони худ дар Осиёи Марказӣ аз дер боз баррасӣ мекунем. Инҷову онҷо мо натиҷаҳои мушаххасе низ ба даст овардаем. Ман созишномаи миёни Қирғизистону Қазоқистонро дар мавриди баҳрабардорӣ аз рӯдхонаҳои фаромарзӣ намуна меорам. Мо талош дорем, то ба хотири ҳамкорӣ дар заминаи баҳрабардорӣ аз захираҳои оби минтақа дар миёни онҳо ба роҳ андозем. Мо медонем, ки дар гузашта як шеваи ҳамкорие дар масъалаи тақсими захираҳои обӣ миёни ин кишварҳо буд, ки ҳоло вуҷуд надорад. Манзурам, ҳамкориҳо дар замони шӯравист, ки дигар вуҷуд надорад. Ҳамингуна мо талош дорем, муколамаҳо бештар шавад, то созише ба даст ояд, ки беҳтарин роҳи ҳал барои кишварҳоро пешниҳод кунад, то захираҳои обии мавҷуд дар инҷо ба шеваи аҳсан ва ба нафъи ҳамаи кишварҳои минтақа истифода шавад.

Суол: Ва дар масъалаи амният. Рӯйдодҳои ахир дар водии Рашти Тоҷикистон низ дар нишасти Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо бо мақомоти Душанбе баррасӣ хоҳад шуд?

Ҷавоб: Ин масъала эҳтимолан дар нишасти гурӯҳи махсуси Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва Тоҷикистон баррасӣ хоҳад шуд. Ҳамчунин ман бо намояндагони дастгоҳи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мулоқот дорам, ки ин масъаларо матраҳ ва табодули назар хоҳем кард.
XS
SM
MD
LG