Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши кӯмакҳои ИМА ба Тоҷикистон ва Қирғизистон


Ҳукумати Обама дар тарҳи буҷаи соли 2012 кӯмак ба Тоҷикистон ва Қирғизистонро афзоиш додааст.

Бар асоси ин тарҳи пешниҳодӣ, Амрико дар соли 2012 барои Тоҷикистон 38,8 миллион ихтисос хоҳад дод. Гуфта мешавад ин кӯмакҳо барои истеҳкоми амният, ислоҳи маъмурияти давлатӣ, бахши сиҳат, маориф барномаҳои ғизоӣ дар Тоҷикистон ва нақши ин кишвар барои субот дар Афғонистон бахшида мешавад.

Тақвияти амният дар сарҳадот, мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир, тақвияти ҳукуматҳои маҳаллӣ, мубориза алайҳи тундгароӣ ва ислоҳи бахши маориф ва сиҳат аз бахшҳои дигари ин кӯмакҳо хоҳад буд. Ин кӯмакҳо ҳамчунин барои ҳали мушкили систематикии камбуди маводи ғизоӣ ва дигар бахшҳое, ки амнияти Тоҷикистонро ба хатар мувоҷеҳ мекунанд, бахшида мешавад.

Ин кӯмакҳо ҳамчунин барои Қирғизистон низ дар назар гирифта шуда барои барқарории амният ва афзоиши имкониятҳои иқтисодӣ пешбинӣ шудааст. Маъмурияти ИМА барои соли 2012 аз Конгресс ба ин кишвар 40.8 миллион дархост намуда бар асоси ин пешниҳод, маблағҳои пешбинишуда барои бозсозии нерӯҳои амниятӣ, тақвияти ҷомеаи маданӣ, муассисаҳои демократӣ ва истеҳкоми бахши хусусӣ масраф хоҳанд шуд.

Ҳамчунин ин барнома мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир, таҳдидҳои фаромиллӣ, бахшҳои беҳдошт ва маориф, кишоварзӣ ва истифодаи технологияи муосир фаро мегирад.

Барои кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ низ ин кӯмакҳо дар назар гирифта шудаанд ва бар асоси он барои Қазоқистон 14.1 миллион доллар, Туркманистон 8 миллион доллар ва барои Узбакистон 7.6 миллион доллари амрикоӣ ихтисос хоҳад ёфт.

Ҳамчунин маблағи 3.6 миллион барои минтақаи Осиёи Миёна пешбинӣ шудааст. Ҳаҷми умумии кӯмакҳои пешбинишуда барои кишварҳои Осиёи Марказӣ барои соли 2012 –уми мелодӣ 122.8 миллион доллар буда назар ба соли 2010-ум 13.6 дарсад камтар мебошад. Дар соли 2010 ҳаҷми ин кӯмакҳо 130.6 миллион доллари амрикоиро ташкил медод.
XS
SM
MD
LG