Ба ин тартиб пас аз натиҷагирии се даври мусобиқа дар гурӯҳи “А” тими “Регар-ТадАЗ-1”-и Турсунзода бо 6 имтиёз аз 2 бозӣ пешқадам аст. Ду дастаи шаҳри Душанбе - “Локомотив” ва “Гвардия”, ки ҳар кадом 3 бозӣ анҷом додааст, бо чаҳоримтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои дуввуму севум қарор доранд.
Дар сабқати гурӯҳи “Б” тими “Энергетик”-и Душанбе, ки дар се бозӣ ғалаба кардааст, бо 9 имтиёз дар ҷои аввал мебошад. “Энергетик” сарфи назар аз натиҷаи бозии охирини гурӯҳӣ ба даври баъдӣ роҳ ёфт.
Дастаи “Хайр”-и Ваҳдат” бо 6 имтиёз аз 2 бозӣ дар ҷои дуввум аст.
Бозиҳои даври 4-уми мусобиқа рӯзҳои 16-ум ва 17-уми феврал баргузор мешаванд.
Натоиҷи бозиҳои давраҳои дуввуму севуми мусобиқа:
«Локомотив» (Душанбе) – «Гвардия» (Душанбе) - 2:2, «Шодмон” (Ҳисор)– ССКА «Помир» (Душанбе) - 4:3, «Хайр» (Ваҳдат) – РШВСМ (Душанбе) – 8:0, «Энергетик» (Душанбе) - «Регар-ТадАЗ-2» (Турсунзода)- 3:0, “Гвардия» - «Шодмон» - 2:0, “Регар-ТадАЗ-1” - “Локомотив” - 5:0, “Истиқлол-2” - “Энергетик» - 0:5, «Регар-ТадАЗ-2» - «Хайр» - 0:5.
Гурӯҳи “А”
“Регар-ТадАЗ-1” 2 2 0 0 10-0 6
“Гвардия” 3 1 1 1 4-7 4
“Локомотив” 3 1 1 1 4-9 4
“Шодмон” 2 1 0 1 4-5 3
ССКА “Помир” 2 0 0 2 4-6 0
Гурӯҳи “Б”
“Энергетик” 3 3 0 0 15-0 9
“Хайр” 2 2 0 0 13-0 6
“Истиқлол-2” 2 0 1 1 0-5 1
“Регар-ТадАЗ-2” 3 0 1 2 0-8 1
РШВСМ 2 0 0 2 0-15 0
Даври 4-ум
16-уми феврал (чоршанбе)
ССКА - “Гвардия”
“Шодмон- “Регар-ТадАЗ-1”
17-уми феврал (панҷшанбе)
“Хайр” - “Истиқлол-2”
РШВСМ - “Регар-ТадАЗ-2”
Шавкат Аҳмадов, масъули Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, сабқати интихобӣ дар Душанбе то рӯзи 23-юми феврал идома хоҳад кард. Вай афзуд, Ҷоми Рустам Долтабоев, инчунин, дар минтақаи Хатлон шурӯъ шуд. Баъдан сабқати минтақаи Суғд оғоз меёбад.
Бар асоси низомномаи мусобиқа, 8 дастаи беҳтарин (чаҳор даста аз минтақаи Душанбе ва дудастаӣ аз вилоятҳои Суғду Хатлон) дар марҳилаи ниҳоӣ, ки 3-юми март дар пойтахти кишвар шурӯъ хоҳад шуд, барои ба даст овардани Ҷоми Рустам Долтабоев рақобат мекунанд.