Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавои имрӯзи Тоҷикистон


Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон пешгӯӣ кардааст, ки рӯзона ҳаво дар Душанбе 13 дараҷа гарм, шабона 5 дараҷа гарм мешавад. Наздикиҳои шом борон шурӯъ мешавад ва тамоми шаб давом мекунад.

Дар Хуҷанд баъд аз нисфирӯзӣ борон меборад. Ҳарорат рӯзона то 15 дараҷа ва шабона 5 дараҷа гарм мешавад.


Дар Кӯлоб бориши борон пешгӯӣ нашудааст. Рӯзона ҳаво то 14 дараҷа гарм ва шабона 4-6 дараҷа гарм мешавад. Дар Қурғонтеппа борон намеборад. Рӯзона 13, шабона 4-5 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар вилояти Бадахшон ҳавои сард боқӣ мемонад. Баъд аз нифирӯзӣ барф меборад. Сардии ҳаво рӯзона 9, шабона 13 дараҷа хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG