Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози фаъолияти фонди "Қазоқистон-Тоҷикистон"


Ҷамъияти саҳҳомии фонди сармоягузории «Қазоқистон -Тоҷикистон» дар Тоҷикистон ба фаъолият оғоз кард.

Мукан Сагиндиков, раиси ин фонд гуфт, ки дар ҳоли ҳозир ин фонд 32 миллион доллари амрикоӣ сармояи аввалия дорад ва сармоягузории мустақим аз сӯи он дар иҷрои барномаҳои иқтисодӣ дар Тоҷикисто 80 миллион доллари амрикоиро ташкил хоҳад дод.

Ин дар ҳолест, ки қаблан гуфта буданд, ки сармояи аввалияи ин фонд ё ҷамъияти саҳҳомӣ, 100 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад ва ҳиссаи Тоҷикистон дар он 20 миллион долларро ташкил хоҳад дод.

Мукан Сагиндиков, раиси ин фонд гуфт, ки ин ҷамъияти саҳҳомӣ дар иҷрои барномаҳои энержӣ, саноати сабук, хӯрокворӣ, саноати кӯҳӣ, металлургияи ранга, бахши иртибототӣ ва бахши молӣ сармоягузорӣ хоҳад кард.

Ҷаноби Сагиндиков гуфт, ки ҳаҷми сармояҳо ба иҷрои барномаҳо аз 800 ҳазор то 8 миллион доллар хоҳад буд. Вай афзуд, ки ин ширкати саҳҳомӣ тасмим дорад аз сармояҳои ихтисосдода, дар барномаҳои мухталиф соле беш аз 20 дарсад фоида ба даст биёрад ва ин фоидаи ба даст омада миёни саҳмдорони ин фонд тақсим хоҳад шуд.

Дар ҳоли ҳозир ширкати сармоягузории «Сомон капитал»-и Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ин фонд дар иҷрои барномаҳои иқтисодӣ дар бахши саноати кӯҳӣ алоқамандӣ нишон додааст. Дар ҳоле, ки ҳаҷми ҳазинаҳои барномаҳо дар саноати кӯҳӣ беш аз он ҳаҷмест, ки ин фонд метавонад, ки сармоягузорӣ кунад. Аммо раиси ин фонд гуфт, ки дар мавриди сармоя, созмонҳои байналмилалии сармоягузор омодаанд бо ин фонд ҳамкорӣ кунанд.

Мӯҳлати фаъолияти ин фонд дар навбати аввал то 10 сол хоҳад буд. Ин фонд дар қадами нахуст тасмим дорад сохтмони корхонаи тавлиди макарон дар Душанбешаҳрро сармоягузорӣ кунад.
XS
SM
MD
LG