Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷоми Бозиҳои VII зимистонаи Осиёӣ дар Қазоқистон


6-уми феврал дар Қасри варзиши ба номи Балуан Шолаки шаҳри Алмати, маросими пӯшидашавии Бозиҳои 7-уми зимистонаи осиёӣ баргузор шуд.

Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон, Бозиҳоро пӯшида эълон кард.

Дар ин маросим ҷаноби Назарбоев зимни суханрониаш гуфт, ки дар тамоми ҷараёни Бозиҳо тамошогарон шоҳиди ҳаводиси шавқангезу дурахшон гардиданд. Ӯ афзуд: “Дар Бозиҳо беҳтарин варзишгарони 27 кишвари Осиё ширкат карда, барои дарёфти 69 маҷмӯи медалҳо мубориза бурданд, ки ин натиҷаи рекордист. Мо ҳамдигарро хубтар мефаҳмидагӣ шудем. Ман инро беҳтарин дастоварди Бозиҳои гузашта меҳисобам”.

Нурсултон Назарбоев, инчунин, изҳор кард, ки тамоми ҷаҳон қобилияти Қазоқистонро дар баргузории ингуна чорабинии бузург дар сатҳи баланд мушоҳида кард. Вай гуфт: “Дар остонаи ин Бозиҳо иншоотҳои варзишӣ бунёд ёфтанд, ки ба талаботи аз ҳама олӣ ҷавобгӯ ҳастанд. Дар Қазоқистон танҳо сохтмони роҳи бобслей мондааст, ки кишвари мо барои гузаронидани Бозиҳои зимистонаи олимпӣ комилан омода шавад”.

Руан Исалиев, ғолиби Бозиҳои 7-уми зимистонаи осиёӣ дар ҳайати дастаи мунтахаби Қазоқистон оид ба хоккей бо тӯб, парчами Бозиҳои осиёиро вориди Қасри варзишӣ кард. Баъдан Аҳмадҷон Усимов, ҳокими Алмати, парчамро ба намояндагони расмии Кумитаи ташкилии Бозиҳои 8-уми зимистонаи осиёӣ дар Саппорои Ҷопон супурд.

Бозиҳои зимистонаи Осиёӣ дар шаҳрҳои Остона ва Алматии Қазоқистон аз 30-юми январ то 6-уми феврал баргузор шуданд. Дар мусобиқот аз рӯи 11 навъи варзиш беш аз 1100 варзишгар иштирок доштанд.

Тоҷикистонро дар ин Бозиҳо ду нафар - Алишер Қудратов ва Абдуғаффор Шарифов дар сабқати лижаронии кӯҳӣ намояндагӣ карданд.

Ёдовар мешавем, ҳарду варзишгари тоҷик нахуст дар сабқати лижаронии кӯҳӣ дар навъи Super-G ширкат варзиданд. Алишер Қудратов бо натиҷаи 1 дақиқаю 15,83 сония дар ҷои 11-ум ва Абдуғаффор Шарифов бо натиҷаи 1 дақиқаю 20,91 сония дар ҷои 15-ум қарор гирифтанд.

Сипас ҳарду дар сабқати лижаронии кӯҳӣ дар навъи Super Combined Super-G қувва озмуданд. Абдуғаффор Шарифов бо натиҷаи 1 дақиқаю 13,37 сония ҷои 12-ум ва Алишер Қудратов бо натиҷаи 1 дақиқаю 13,70 сония ҷои 13-умро касб карданд. Вале ҳарду лижарони тоҷик дар навъи Super Combined Slalom ба марра нарасиданд.

Ҳамагӣ варзишгарони 8 кишвар медалҳои Бозиҳои 7-уми осиёиро ба даст оварданд.

Дастаи мунтахаби мизбон – Қазоқистон бо касби ҳамагӣ 70 медал (32 нишони тилло, 21 нуқра ва 17 биринҷӣ) дар ҳисоби умумидастаӣ дар ҷои аввал қарор гирифт.

Мунтахаби Ҷопон бо касби 54 медал (13 + 24 + 17) ҷои дуввум ва тими Кореяи Ҷанубӣ бо касби 38 медал (13 + 12 + 13) ҷои севумро соҳиб шуданд.
Чин бо касби 35 медал (11 + 10 + 14) чаҳорум шуд. Муғулистон бо касби 5 медал – 1 нуқра ва 4 биринҷӣ ҷои панҷумро азони худ кард. Эрон бо касби 3 медал – 1 нуқра ва 2 биринҷӣ ҷои шашумро ишғол намуд.

Дастаҳои Қирғизистон ва Кореяи Шимолӣ ҳар кадом 1 медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Бозиҳои 6-уми зимистонаи Осиёӣ дар шаҳри Чанчун бо пирӯзии тими мизбонон – Чин хотима ёфта буд. Чиноиҳо 19 медал ба даст оварда буданд. Ҷопон бо 13 медал ҷои дуввум ва Кореяи Ҷанубӣ низ бо ҳамин миқдор ҷои севумро касб карда буданд.
XS
SM
MD
LG