Рӯзи ҷумъа, 4-уми феврал дар сабқати лижаронии кӯҳӣ дар навъи Super Combined Super-G 21 варзишгар аз 12 кишвар – Кореяи Ҷанубӣ, Қазоқистон, Қирғизистон, Лубнон, Муғулистон, Тайван, Тоҷикистон, Узбакистон, Урдун, Фаластин, Ҳиндустон ва Эрон қувваозмоӣ карданд. 17 нафар ба марра расиданд.
Абдуғаффор Шарифов бо натиҷаи 1 дақиқаю 13,37 сония ҷои 12-ум ва Алишер Қудратов бо натиҷаи 1 дақиқаю 13,70 сония ҷои 13-умро касб карданд.
Дар ин навъи рақобатҳо низ Игор Закурдаеви қазоқистонӣ бо натиҷаи 1:03,52 ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт ва бо медали тиллои бозиҳо сарфароз гардид. Донгҳун Ҷунг, аз Кореяи Ҷанубӣ, бо натиҷаи 1:04,40 дуввум шуд ва соҳиби медали нуқра гашт. Ҳамдиёри ӯ Вусунг Ким бо натиҷаи 1:05,13 дар мақоми саввум қарор гирифт ва бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.
Вале ҳарду лижарони тоҷик дар навъи Super Combined Slalom ба марра нарасиданд.
Дар ин навъи рақобатҳо Донгҳун Ҷунги кореягӣ бо натиҷаи 1:45,70 ғолиб омад. Игор Закурдаеви қазоқистонӣ бо натиҷаи 1:45,82 дуввум шуд. Ҳамдиёри ӯ Вусунг Ким бо натиҷаи 1:47,74 дар мақоми саввум қарор гирифт.
Ёдовар мешавем, ҳарду варзишгари тоҷик 1-уми феврал дар сабқати лижаронии кӯҳӣ дар навъи Super-G ширкат варзида буданд. Дар ин сабқат 24 варзишгар аз 14 кишвар ҳунарнамоӣ карданд ва 20 нафар ба марра расиданд.
Алишер Қудратов бо натиҷаи 1 дақиқаю 15,83 сония дар ҷои 11-ум ва Абдуғаффор Шарифов бо натиҷаи 1 дақиқаю 20,91 сония дар ҷои 15-ум қарор гирифта буданд.
То ҳоло варзишгарони 6 кишвар медалҳои Бозиҳои 7-уми осиёиро ба даст овардаанд.
Дастаи мунтахаби мизбон – Қазоқистон, ки ҳамагӣ 51 медал (20 нишони тилло, 17 нуқра ва 14 биринҷӣ) гирифтааст, дар ҳисоби умумидастаӣ дар ҷои аввал мебошад.
Мунтахаби Куриёи Ҷанубӣ бо касби 24 медал (10 + 6 + 8) дар ҷои дуввум ва тими Ҷопон бо касби 36 медал (8 + 17 + 11) дар ҷои севум қарор доранд.
Чин бо касби 23 медал (8 + 6 + 9) чаҳорум аст. Эрон ва Муғулистон ҳар кадом 2 медали биринҷӣ ба даст овардаанд.
Бозиҳои 7-уми зимистонаи Осиёӣ дар шаҳрҳои Остона ва Алматии Қазоқистон бо ширкати варзишгарони 27 кишвар 6-уми феврал идома хоҳанд кард.