Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рейтинги FIFA: Тоҷикистон ду зина боло – 141-ум шуд


Тоҷикистон дар феҳрист ё рейтинги навини FIFA (Федеросиюни байнулмилалии футбол) байни 207 дастаи миллии кишварҳои ҷаҳон ду зина боло шуд ва бо 141 имтиёз дар ҷои 141-ум қарор гирифтааст.

Тоҷикистон миёни ҷамоҳири собиқи Шӯравӣ танҳо аз Қирғизистон пеш аст. Русия, ки миёни ин кишварҳо дар ҷои аввал мебошад, мавқеъашро як зина боло кард ва ба зинаи 12-ум баромад.

Мавқеъи дигар дастаҳои миллии кишварҳои собиқи Шӯравӣ дар феҳристи FIFA: ҷои 34-ум (34-ум буд) Укроин. 36 (37) Беларус. 55 (55) Литва. 62 (60) Арманистон. 71 (72) Гурҷистон. 76 (76) Латвия. 77 (108) Узбакистон. 81 (84) Молдова. 87 (88) Эстония. 99 (97) Озарбойҷон. 133 (133) Туркманистон. 137 (137) Қазоқистон. 141 (143) Тоҷикистон. 175 (175) Қирғизистон.

Дастаи миллии Испания, қаҳрамони ҷаҳон, дар феҳристи навини FIFA бо 1887 имтиёз мисли пешин дар ҷои аввал аст. Ҳолланд, барандаи медали нуқраи Ҷоми ҷаҳонии футбол-2010, бо 1723 имтиёз дар ҷои дуввум ва Олмон, барандаи медали биринҷии сабқати ҷаҳонӣ, бо 1485 имтиёз дар ҷои саввум мебошанд. Миёни даҳ тими беҳтарини ҷаҳон, инчунин, Бразил, Аргентина, Инглистон, Уругвай, Португол, Хорватия ва Юнон ҷойгир шудаанд.

Тоҷикистон дар байни 46 дастаи мунтахаби Осиё дар ҷои 21-ум қарор дорад. Даҳ дастаи беҳтарини Осиё инҳоянд: Ҷопон (дар феҳристи ҷаҳонӣ 17-ум), Австралия (21), Кореяи Ҷанубӣ (32), Эрон (44), Чин (75), Узбакистон (77), Қатар (90), Баҳрайн (93), Кувайт (101) ва Сурия (105).
Бояд тазаккур дод, натиҷаи беҳтарини дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар рейтинги FIFA ин ҷои 114-ум дар моҳи июли соли 1997 мебошад. Натиҷаи аз ҳама пасти Тоҷикистон ҷои 180-ум аз рӯи натиҷагирии моҳи июли соли 2003-юм буд.
XS
SM
MD
LG