Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Истиқлол» барои Ҷоми раисиҷумҳури Туркманистон талош хоҳад кард


Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми раисиҷумҳури Туркманистон, ки аз 20-уми феврал то 1-уми март баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.

Бозиҳои Ҷоми раисиҷумҳури Туркманистон дар варзишгоҳи «Олимпӣ»-и шаҳри Ишқобод ва маҷмааи варзишии шаҳри Ободон баргузор хоҳанд шуд. Дар ин мусобиқа ширкати 10 бошгоҳи футбол аз 7 кишвар – Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Литва, Тоҷикистон, Туркия ва Туркманистгн дар назар аст. Дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд.

Бар асоси низомномаи мусобиқот, аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ ба даври ниманиҳоӣ роҳ меёбанд. Ғолибони он ба бозии ниҳоӣ роҳхат мегиранд. Дастаҳои мағлубшудаи даври ниманиҳоӣ барои ҷои саввум мубориза хоҳанд бурд.

Маблағи ҷавоизи ин мусобиқот 35 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ба дастаи ғолиб Ҷоми раисиҷумҳури Туркманистон ва 20 ҳазор доллар супурда мешавад. Дастае, ки мақоми дуввумро касб мекунад, бо 10 ҳазор доллар ва дастае, ки дар ҷои саввум қарор мегирад, бо 5 ҳазор доллар мукофотонида хоҳанд шуд.

Ин мусобиқа барои бори 17-ум баргузор мешавад ва дар ин муддат бошгоҳҳои футболи 20 кишвари ҷаҳон дар Ҷоми раисиҷумҳури Туркманистон ширкат кардаанд. Соли гузашта дар ин мусобиқа дастаи «Олтин Асир»-и Ишқобод пирӯз шуда буд.

«Истиқлол» пас аз таътил 31-уми январ таҳти роҳбарии Олимҷон Рафиков, сармураббии даста, омодагиро ба Ҷоми раисиҷумҳури Туркманистон ва мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон шурӯъ кард. Ҷамъомади таълимию тамринии даста дар шаҳри Душанбе то рӯзи 17-уми феврал идома хоҳад ёфт.
XS
SM
MD
LG