Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кушта шудани як қочоқбари афғон дар марз


Мақомоти пулис мегӯянд, дар пайи даргирии нерӯҳои интизомӣ бо қочоқбарон дар ноҳияи Шӯрообод, як шаҳрванди 35-солаи Афғонистон кушта шудааст.

Хайриддин Шокиров, муовини сардори шӯъбаи корҳои дохилии Шӯрообод, гуфт, ин даргирӣ дар манзили Шерхон Муродов, сокини ҷамоати “Саричашма”-и ноҳияи Шӯрообод сурат гирифтааст.

Вай мегӯяд, аз ин шаҳрванди Афғонистон як автомат, панҷ тирдон ва 95 тир дарёфт шудааст.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти интизомӣ Фозилхон валади Аҳмадгул, як шаҳрванди 21-солаи Афғонистонро дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон бо 57 кило маводи мухаддир боздошт кардаанд.



Дар ду ҳафтаи қабл миёни марзбонони тоҷик ва гурӯҳи 13 нафарии қочоқчиёни мусаллаҳи афғон дар мавзеи Шовони ноҳияи Шӯрообод, яке дигар аз минтақаҳои марзии Тоҷикистон бо шимоли Афғонистон низ даргирӣ ба вуқӯъ пайваста буд.

Дар натиҷаи ин даргирӣ ду қочоқчии афғон кушта шуда ва бақия ба қаламрави Афғонистон фирор кардаанд.

Гузашти ҳудуди як моҳи соли нави милодӣ нишон медиҳад, ки гурӯҳҳои қочоқбари маводи мухаддир ҳам дар Афғонистон ва ҳам дар қаламрави Тоҷикистон дар талоши интиқол ва қочоқи маводи мухаддир ҳастанд.
Хосса, чунин талошҳо дар ноҳияҳои Шӯрообод ва Ҳамадонӣ, ки бо шимоли Афғонистон ҳаммарз ҳастанд, сурат мегирад.

Тоҷикистон бо Афғонистон дар тӯли беш аз 1400 километр марзи муштарак дошта, сипари ҷанубии кишварҳои муштаракулманофеъ маҳсуб меёбад.

Ҳарчанд сохторҳои қудратии Тоҷикистон зарфи даҳ соли ахир беш аз 70 тон маводи мухаддири қочоқии афғонро мусодира кардаанд, аммо ин кишвар ба танҳоӣ тавони мубориза бо интиқол ва қочоқи маводи мухаддирро нахоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG