Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷопон – барандаи Ҷоми Осиё-2011


Тими миллии футболи Ҷопон, ки дар бозии ниҳоӣ бар мунтахаби Австралия дар замони изофӣ бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд, барандаи Ҷоми Осиё-2011 гардид.

Бозии ниҳоии 15-умин давраи мусобиқоти қаҳрамонии Осиё 29-уми январ дар варзишгоҳи Халифаи пойтахти Қатар – шаҳри Доҳа бо ҳузури беш аз 37 ҳазор тамошобин бо садои ҳуштаки сардовар Равшан Ирматови узбакистонӣ шурӯъ шуд.

Замони асосии ин дидор бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол хотима ёфт. Голи ҳалкунанда ё «тиллоӣ»-ро Таданари Ли дар замони изофӣ, дар дақиқаи 109-ум ба самар расонд.

Бояд тазаккур дод, ки мусобиқоти Ҷоми Осиё шурӯъ аз соли 1956-ум барои бори 15-ум доир шуд. Мунтахаби Ҷопон аз ҳама бештар – чаҳор бор Ҷоми Осиёро ба даст овардааст. Аз ин пеш ҷопониҳо се бор – солҳои 1992-юм, 2000-ум ва 2004-ум ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфтаанд.

Тимҳои миллии Арабистони Саъудӣ (1984, 1988, 1996) ва Эрон (1968, 1972, 1976) себорӣ Ҷоми Осиёро соҳиб шудаанд. Кореяи Ҷанубӣ ду бор (1956, 1960) қаҳрамони қора шудааст. Исроил (1964), Кувайт (1980) ва Ироқ (2007) якборӣ соҳиби Ҷоми Осиё гаштаанд. Воқеъан, дар сабқати соли 2007-ум Ироқ дар бозии ниҳоӣ бар Арабистони Саъудӣ бо ҳисоби 1:0 ғолиб шуда буд.

Кореяи Ҷанубӣ ба мисли мусобиқаи пешин боз соҳиби медалҳои биринҷӣ гардид. Кореягиҳо барои ҷои саввум мунтахаби Узбакистонро бо ҳисоби 3:2 мағлуб карданд. Дар ин бозӣ, ки 28-уми январ дар варзишгоҳи Ал-Садди Доҳа барпо гардид, ҳисоб 3:0 ба нафъи футболбозони Корея буд. Ҷагел Ко дар дақиқаи 18-ум як гол ва Донг Вон Ҷи дар дақиқаҳои 28-ум ва 39-ум ду гол ба самар расонданд. Баъдан Александр Гейнрих ду бор аз пенолти ё ҷаримаи 11-метра (дақиқаҳои 45-ум ва 53-юм) ҳисобро тағйир дод. Мунтахаби Узбакистон барои аввалин бор ба нимфинали Ҷоми Осиё роҳ ёфт ва байни чаҳор тими беҳтарини қора ҷойгир шуд.

Алберто Дзаккерони, мутахассиси итолиёвӣ, ки чанд моҳ пеш сармураббии тими миллии Ҷопон таъин шуда буд, пас анҷоми бозии ниҳоӣ дар як нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфтааст: «Ман аз натиҷаи бозии ниҳоӣ ва, умуман, сабқати Ҷоми Осиё қаноатмандам. Дастаи мо ҷавон аст ва лозим меояд, ки таҷоруб касб намояд. Бахусус бо рақибони пурқувват, ба мисли Австралия. Бозигарон дар майдон сад дар сад имконоти худро ба кор бурданд ва аз ҷиҳати ҷисмонӣ хуб омода буданд».

Алберто Дзаккерони, собиқ мураббии дастаҳои «Милан» ва «Ювентус»-и Итолиё, афзудааст: «Ин аввалин ғалабаи байналмилалии ман аст ва хеле қаноатмандам аз худ. Инчунин хушнудам, ки бо дастаи бисёр хуб ва футболбозони олӣ кор мекунам».

Ҳолгер Озики олмонӣ, сармураббии тими миллии Австралия, ба хабарнигорон гуфтааст: «Бозии шавқовар миёни ду дастаи хуб сурат гирифт. Албатта мо дилсард шудем. Вале ман аз бозии футболбозонам қаноатмандам, ҳарчанд баъзе лаҳзаҳои хуби голзаниро истифода накарданд. Дар ҷараёни сабқат дастаи мо бозии зебо нишон дод ва Австралияро сазовор намояндагӣ кард. Ҳарду даста собит карданд, ки ба финал сазоворанд. Мунтахаби Ҷопонро, ки монанди Кореяи Ҷанубӣ дар ин мусобиқа бо насли ҷавон бозӣ кард, табрик мегӯям. Умуман рақиб маҳз он футболеро намоиш дод, ки аз ӯ интизор будем. Голи сардодашуда айби хатти дифоъ аст, вале ман аз ном бурдани номҳои мушаххас худдорӣ мекунам».

Ку Чжа Чол, ҳамлагари тими миллии Кореяи Ҷанубӣ, ки дар марҳалаи ниҳоии Ҷоми Осиё 5 гол задааст, беҳтарин нишонзани сабқат гардид ва бо ҷоизаи Конфедеросиюни футболи Осиё сарфароз шуд. Инчунин ҷоизаи «Бозии мунсифона» насиби тими Кореяи Ҷанубӣ гардид ва он ба капитани даста Пак Чжи Сун супурда шуд.
XS
SM
MD
LG