Оқои Рақибов мегӯяд, мувофиқи ин санад ӯ ва зану ду хоҳараш ба авбошӣ муттаҳам мешаванд: "Ҳар як нафари мо зери парванда имзо гузоштем, вале ба ҳеҷ ваҷҳ дар амали авбошӣ, ки гӯиё шишаи экскваторро шикаста бошем, даст надорем. Ин боз тӯҳмати дигар аст, ки мехоҳанд, манзили моро тахриб кунанду хонаводаи моро бесарпаноҳ гузоранд."
Муфаттиши Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ин хабарро таъйид намуд ва гуфт, ки бо хонаводаи Атовулло Рақибов дар деҳаи Заркамар сӯҳбат дошта, сабабҳои боз кардани парвандаро низ бо аҳли хонаводаи ӯ баррасӣ кардааст.
Ин боз тӯҳмати дигар аст, ки мехоҳанд манзили моро тахриб кунанду хонаводаи моро бесарпаноҳ гузоранд...
Ба қавли ӯ, парвандаи ҷиноӣ бар асоси шикояти ронандаи экскваторе, ки аз ҷониби Рақибов ва хонаводаи ӯ мавриди ҳамла қарор гирифтааст, боз шудааст. Ронандаи экскватор аз мақомоти корҳои дохилӣ тақозо кардааст, ки барои таъмири шишаи эксватораш 1 ҳазору 600 сомонӣ аз хонаводаи Рақибов ситонида шавад.
Ба қавли муфаттиши Вазорати корҳои дохилӣ, ҳоло ҳамаи аснод мавриди омӯзиш қарор гирифта, дар рӯзҳои наздик парванда барои муҳокима ба Додгоҳи ноҳияи Файзобод пешниҳод мешавад.
14-уми сентябри соли гузашта як комиссияи ҳукуматии ноҳияи Файзобод, иборат аз додситон, муовини аввали раиси ҳукумат, раиси Кумитаи замин ва намояндагони Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳия ба манзили Атовулло Рақибов омада, гуфтаанд, ки манзили ӯ тахриб ва дар ҷои он роҳи мошингард боз хоҳад шуд.
Вақте ба ронанадаи экскватор амр дода мешавад, ки ба тахриби хона сар кунад, мардуми деҳа эътироз намуда, кӯдакҳо сӯи он санг партоб мекунанд, ки дар натиҷа шишаи эксватор мешиканад. Ҳайати комиссияи ҳукуматии ноҳия дар баробари эътирози шадиди мардум аз тахриби хона даст кашидаанд.
Яке аз сокинони деҳаи Заркамар, Абдумӯъмин Ойев, мегӯяд, тайи ду сол аст, ки масъалаи манзили Рақибов ба як баҳси бузург табдил шуда, ҳатто созмонҳои байналмилалӣ, Додгоҳи оливу Додситонии кулл ва идораҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар аз он огоҳ ҳастанд.
Вай мегӯяд, мақомот чун диданд, ки бо парванади шаҳрвандӣ натавонистанд манзили Рақибовҳоро тахриб кунанд, акнун парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Ҳол он ки, ба гуфтаи ӯ, аз тарафи Рақибов ва хонаводааш ягон амали ҷиноӣ содир нашуда, онҳо фақат аз ҳуқуқи худу фарзанд ва ҷою манзилашон дифоъ мекунанд.
Дар миёнаҳои моҳи январи соли равон Атовулло ҳамроҳи занашу чаҳор фарзандаш дар бинои Омбудсмен ё ваколатдори ҳуқуқи инсони Тоҷикистон даст ба гуруснагӣ заданд. Вале ба қавли Рақибов, Омбудсмен ба ҷои кӯмаки ҳуқуқӣ аз кормандони умури дохилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ тақозо кардааст, ки Рақибов ва фарзандонашро аз бино берун андозанд. Кормандони умури дохилӣ онҳоро боздошт карда, баъдан ба шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Файзобод интиқол додаанд.
Баҳси шаҳрванд Атовулло Рақибов бо ҳукумати ноҳияи Файзобод дар масъалаи замин ва манзил ду сол пеш шурӯъ шуда, Рақибов, мегӯяд, барои ҳалли одилонаи ин баҳс борҳо ба раисҷумҳур, Додситонии кул ва Додгоҳи олии Тоҷикистон муроҷиат кардааст, вале касе ба қазия бетарафона бархӯрд накардааст.
Гузориши видеоии моро дар ин бора бубинед: