Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коҳиши қочоқи маводи мухаддир дар Тоҷикистон


Рустам Назаров
Рустам Назаров

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, қочоқи маводи мухаддир дар ин кишвар ҳудуди 15 дарсад коҳиш ёфтааст

Рустам Назаров, раиси Оҷонси назорати гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Тоҷикистон тайи як нишасти матбуотӣ гуфт, соли гузашта ниҳодҳои зидахли ин кишвар дар маҷмӯъ 3 тону 900 кило маводи мухаддир боздошт кардаанд, ки дар қиёс бо соли 2009, 670 кило кам аст.

Оқои Назаров ташдид ёфтани муборизаи хадамоти масъули давлатии Тоҷикистон, коҳиши истеҳсоли маводи мухаддир дар Афғонистон ва боз шудани масири нави қочоқ тариқи шимоли Эрон-Қафқоз-Русияро аз далоили ин коҳиш унвон кард.

Тибқи иттилои СММ, соли гузашта ба сабаби пӯпанак(мағор бастан) задани ҳосили хашхош дар ҷануби Афғонистон, истеҳсоли маводи мухаддир қариб 50 дарсад коҳиш ёфта, 3 ҳазору 600 тонро ташкил додааст. Тибқи ин манбаъ, ҳудуди 25 дарсади қочоқи ин мавод тариқи кишварҳои Осиёи Марказӣ, умдатан Тоҷикистон сурат мегирад.

Рустам Назаров мегӯяд, соли 2010 дар Тоҷикистон 43 шаҳрванди хориҷӣ — 25 нафар аз Афғонистон ва бақия аз Русия, Украин, Узбакистон, Қазоқистон, Покистон, Чин ва Арабистони Саудӣ боздошт шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта ҳудуди 420 шаҳрванди Тоҷикистон умдатан дар Русия (66 нафар), Узбакистон (17), Қазоқистон (17 нафар) ва Қирғизистон (9 нафар) барои ҷиноятҳои марбут ба маводи мухаддир боздошт шудаанд.

Тибқи итилои Оҷонси назорати гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, теъдоди нашъамандоне, ки сабти ном шудаанд, 7 ҳазору 400 нафарро ташкил додааст, ки дар қиёс бо соли 2009 620 нафар кам аст.
XS
SM
MD
LG