Сардабири ин нашрияи мустақил, Ҷумъабой Толибов, мегӯяд, ин нахустин шумораи «Пайкон» дар соли 2011 аст, ки танҳо пас аз ошноии мақомоти чопхонаи "Шарқи озод" бо мӯҳтавояш мунташир гашт.
Мақомоти матбаа гуфтаанд, дар чопи нашрия мушкиле нахоҳанд дошт ва омодаанд, бо он ҳамкорӣ кунанд.
Ба қавли Толибов, дар ин муддате, ки ҳафтанома аз чоп монда буд, дар ҳайати кормандони он тағйире ба вуҷуд наомдааст. Лекин адади нашри ҳафтанома коҳиш ёфта, аз 7 000 ба 3 000 расид. Вай афзуд, ҳайати эҷодии нашрия талош хоҳад кард, ки дар ояндаи наздик адади нашри ҳафтаномаро бештар кунад.
Чаҳор моҳ қабл чопи се нашрия -- «Нигоҳ», «Пайкон» ва «Фараж» бо сабабҳои номаълум мутаваққиф шуда, чопхонаҳо аз нашри онҳо худдорӣ мекарданд. Барои дифоъ аз ҳаққи онҳо созмонҳои журналистӣ ва нашрияҳои мустақил эътилофи "Кумитаи 29 сентябр"-ро таъсиси доданд ва маъракаеро роҳандозӣ карданд.
Ин эътилоф ва созмонҳои байнулмилалии озодии матбуоту ҳуқуқи инсон аз чоп мондани нашрияҳоро натиҷаи фишори мақомоти давлат дар посух ба рӯҳияи интиқодӣ унвон кардаанд.
Пас аз дубора ба нашр расидани ҳафтаномаҳои "Фараж" ва "Нигоҳ" эътилофи мазкур фаъолияти худро қатъ кард. Инак "Пайкон» охирин нашрияе буд, ки дар ҷустуҷӯи чопхона мегашт ва ниҳоят ба дасти хоананадагон расид.
Тафсилоти бештар ҳамин ҷо мунташир хоҳад шуд.