Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омӯзгорони озими Эрон дар Душанбе дармондаанд


70 омӯзгор аз навоҳии гуногун пардохти хароҷоти сафари баргузорнашудаи хеш ба Эронро талаб доранд.

Ин устодон мегӯянд, тӯли 20 рӯз аз ҳисоби маблағи худ ва бо интизории он ки ин сафар анҷом мешавад, дар пойтахти кишвар ба сар бурдаанд. Вале акнун, ки масъулони вазорати маориф муваффақ ба анҷоми ин сафар нашуда, аз онҳо тақозои баргаштан ба зодгоҳҳояшонро кардааст, муаллмон мехоҳанд асноди зарурӣ ва низ махориҷи буду боши онҳо дар Душанберо таҳия ва ба дасти онҳо бисупоранд.

Сафорат: "Пардохти харҷи устодон ба дӯши вазорат аст"

Ин дар ҳолест, ки масъулони сафорати Эрон дар Душанбе мегӯянд, бар асоси ҳамоҳангӣ бо вазорати маориф Эрон ҳамаи масориф ва махориҷи ин устодонро дар Эрон бар дӯш гирифта буд. Онҳо мегӯянд, акнун, ки вазорат ин устодонро рухсати сафар намедиҳад, масъулияти пардохти харҷи онҳо тӯли ин бист рӯзи интизорӣ ба дӯши худи вазорати маориф аст.



Гурӯҳи 70 нафарии муаллимони тоҷик, ки тайи се ҳафта мунтазири иҷозаи сафари хидматӣ ба Эрон дар Душанбе ба сар мебурданд, дастур гирифтаанд, ки ба маҳалли кори худ пас гарданд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ин устодон барои баргашт ба зодгоҳ пул надоштаанд ва аз сӯи дигар намедонанд ба маъмурияти дабистонҳо сабаби тайи ин муддат ҳузур надоштани худро чӣ тавр тавзеҳ диҳанд.

Зеро вазорати маориф бидуни пардохти харҷи иқомат дар Душанбе ва додани санад, ки далели адами ҳузури онҳо дар корхонаро таъйид кунад, тақозои баргашт ба маҳалли корро кардааст.

Устодон: "Мо дар иҷора зиндагӣ кардем"

Садриддин Ибодов, як тан аз муаллимони мактаби миёна дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон гуфт, тайи бист рӯзе, ки ӯ дар Душанбе мунтазири ин сафар ба сар бурд, ҳамарӯза ҳаққи манзили иҷораро пардохтааст, вале ҳоло вазорат намехоҳад, ки санади сафари хидматии онҳоро таъйид ва хароҷоти онҳоро пардохт кунад.

Гулсун Турсунова, муаллима аз ноҳияи Шаҳринав, низ таъйид мекунад, ки
танҳо баъд аз гузашти ин ҳама муддат вазорати маориф мегӯяд, сафар ба замони дертар мавқуф гузошта шудааст. Гурӯҳи муаллимони тоҷик, ки дар макотиб аз фанни «Алифбои ниёгон» ё ҳуруфи форсӣ дарс медиҳанд бар пояи тавофуқи миёни Тоҷикистон ва Эрон мебоист давоми як моҳ давраи бозомӯзиро дар шаҳрҳои Исфаҳон ва Шероз сипарӣ мекарданд.

Аммо ба таърихи сеюми январ, дуруст дар он рӯзе, ки мебоист ба Эрон парвоз мекарданд, ҳамаи ин муаллимон аз толори фурудгоҳ берун карда шуданд. То кунун ин муаллимон иллати қатъи сафари худ ба Эронро намедонанд, вале бо хоҳиши вазорати маориф то ба ин рӯз интизор буданд, ки сафарашон анҷом мешавад.

Вазорат: "Гурӯҳе аз устодон бо ғизо таъмин буданд"

Ноилшо Нуралиев, сухангӯи Вазорати маорифи Тоҷикистон гуфт, ташвиш ва нигаронии муаллимон барои нагирифтани хароҷоти онҳо дар пойтахт дуруст нест. Зеро вазорати маориф барои ҷуброни он тамоми талошҳоро ба анҷом мерасонад. Сухангӯи вазорати маориф афзуд, гурӯҳе аз ин муаллимон дар ин муддат бо ғизо ва хобгоҳ таъмин буданд ва ҷамъе аз онҳо низ дар ин муддат тавонистанд давраи бозомӯзии хатти ниёгонро дар Душанбе бигзаронанд.

Дар ҳамин ҳол, Ҳусайни Шерхонӣ, масъули фарҳангии сафорати Эрон дар Душанбе гуфт, ки ба эҳтимоли зиёд мусофирати ин устодон ба Эрон иттифоқ нахоҳад афтод. Зеро вазорати маорифи Тоҷикистон ба онҳо посух додааст, ки ин сафар қатъ шудааст. Аз сӯи дигар афзуд ин корманди сафорати Эрон дар Душанбе, ҷониби Эрон махориҷи ин гурӯҳро дар Эрон бар ӯҳда гирифтааст, на дар Тоҷикистон.

Бояд мақомоти амниятӣ иҷоза диҳанд

Бо ин ҳол, як манбаъ аз Вазорати маорифи Тоҷикистон, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, ки барои сафари мазкур иҷозаи мақомоти амниятии кишвар гирифта нашудааст ва танҳо баъд аз рухсати онҳо имкон дорад, ки ин сафар анҷом шавад. Аз сӯи дигар, ба маҳзи ин ноҳамоҳангӣ як масъули равобити байналмилалии вазорати маорифи Тоҷикистон аз вазифа барканор шудааст.

Бо ин ҳол, бархе аз коршиносон мегӯянд, қатъи сафари ҳайъати муаллимони тоҷик ба Эрон дар пайи манъи ширкати ҳузури донишҷӯёни тоҷик дар танҳо мактаби эронии назди сафорати Эрон дар Душанбе, ки дар охири соли гузашта иттифоқ афтод, ҳаводисе ҳастанд, ки ба ҳам алоқа доранд.

Ба эътиқоди коршиносон, ин ҳодисаҳоро метавон дар чаҳорчӯби тадобири давлат ҷиҳати аз мадориси кишварҳои исломӣ берун кардани ҷавонони тоҷик, ки аз тирамоҳи гузашта шурӯъ шудааст, арзёбӣ кард.
XS
SM
MD
LG