Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми Иттиҳод-2011: Бохти «Истиқлол» дар ¼ финал


Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, ки дар бозии чаҳорякниҳоии мусобиқоти байналмилалии Ҷоми Иттиҳод-2011 дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия аз тими «Сконто»-и Латвия бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд, аз ҳаққи ширкат дар даври ниманиҳоӣ маҳрум шуд.

Бозии қаҳрамонони Латвия ва Тоҷикистон 19-уми январ дар Маҷмаи варзишиву фарҳангии «Петербург» бо ҳузури 1000 тамошобин сурат гирифт. Голҳоро Смирновс (дақиқаи 19-ум) ва Жуниор (дақиқаи 89-ум, аз ҷаримаи 11-метра) ба самар расонданд.

Ҳайатҳои дастаҳо дар ин дидор чунин буд:

«Сконто»: Икстенс, Качановс, Роде, Смирновс, Дубра, Фертовс, Тарасовс, Петерсонс (Мингазов, 55), Разулис (Колесниченко, 72), Жуниор, Перейра (Максименко, 64).

«Истиқлол»: Юлдошев, Раҷабов, Эргашев, Сувонқулов, Ҳабибуллоев, Абрамов (Ҷалилов, 51), Содиқов, Рабимов, Сабуров (Фатҳуллоев, 68), Саидов, Тоҳиров.

Огоҳӣ гирифтанд: Саидов, 21. Ҳабибуллоев, 61. Фатҳуллоев, 75. Дубра, 90.
Аз бозӣ ихроҷ шуд: Ҳабибуллоев, 69.
Доварон: Петтай, Демешко, Веретешкин.

Натоиҷи бозиҳои дигари чаҳорякниҳоӣ чунин аст:
«ИНТЕР» (Озарбойҷон) – «МИКА» (Арманистон) – 4-0
ХИК (Финляндия) – «ЗЕНИТ» (Русия) – 1-2
«ШАХТЁР» (Беларус) – «ДИНАМО» К (Укроин) – 2-1

Ба ин тартиб дар даври ниманиҳоии Ҷоми Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Балтик, ки 21-уми январ баргузор мешавад, «Интер» бо «Зенит» ва «Сконто» бо «Шахтёр» рақобат мекунанд.

Барандаи Ҷоми Иттиҳод-2011 дар бозии ниҳоӣ рӯзи 23-юми январ муайян хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG