Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми Осиё: 4 даста – дар чаҳорякфинал


Дастаҳои мунтахаби миллии футболи Узбакистон, Қатар, Ҷопон ва Урдун ба даври чаҳорякниҳоии Ҷоми Осиё роҳ ёфтанд.

Ин мусобиқот бо ширкати 16 дастаи беҳтарини қора дар Қатар ҷараён дорад.

Мунтахаби Узбакистон, ки бозии саввумашро дар сабқати гурӯҳи «А» бо тими Чин бо ҳисоби 2-2 анҷом дод, бо 7 имтиёз (таносуби тӯбҳояш 6-3) дар мақоми аввал қарор гирифт.

Дастаи Қатар, ки дар даври саввум бар тими Кувайт бо ҳисоби 3-0 ғолиб омад, бо 6 имтиёз (5-2) дар ин гурӯҳ мақоми дуввумро касб кард.

Мунтахаби Ҷопон пас аз пирӯзӣ дар даври саввуми сабқати гурӯҳи «В» бар тими Арабистони Саъудӣ бо ҳисоби бузурги 5-0 бо 7 имтиёз (таносуби тӯбҳо – 8-2) ғолиби гурӯҳ гардид.

Тими Урдун, ки дар бозии охирини сабқати гурӯҳӣ мунтахаби Сурияро бо ҳисоби 2-1 шикаст дод, бо 7 имтиёз (таносуби тӯбҳо – 4-2) дуввум шуд.

Дар даври чаҳорякниҳоӣ, ки 21-уми январ доир мешавад, Ҷопон бо Қатар ва Узбакистон бо Урдун қувваозмоӣ хоҳанд кард.

18-уми январ дар даври саввуми мусобиқот дар гурӯҳи «С» Кореяи Ҷанубӣ - Ҳиндустон ва Австралия – Баҳрайн рақобат мекунанд. Дар ин гурӯҳ мавқеъи дастаҳо чунин аст: 1. Австралия – 4 имтиёз (5-1). 2. Кореяи Ҷанубӣ - 4 (3-2). 3. Баҳрайн – 3 (6-4). 4. Ҳиндустон – 0 (2-9).

Бозиҳои охирини сабқати гурӯҳи «D» 19-уми январ баргузор мешаванд: Ироқ – Кореяи Шимолӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб – Эрон. Дар ин гурӯҳ мавқеъи дастаҳо чунин аст: 1. Эрон – 6 имтиёз (3-1). 2. Ироқ - 3 (2-2). 3. Кореяи Шимолӣ – 1 (0-1). 4. АМА – 1 (0-1).
XS
SM
MD
LG