Зубайдулло Зубайдов, сафири Тоҷикистон дар Покистон гуфтааст, ки онҳо аз ҳукумати ин кишвар ва шахси фармондеҳи артиши Покистон Парвез Ашфоқ Каёнӣ дархост намудаанд, ки дар амри ихроҷи он донишҷӯёни тоҷик, ки ба таври ғайрирасмӣ дар ин кишвар таҳсил мекунад, мусоидат намоянд.
Рӯзномаи англисизабони “The News” дар шумораи имрӯзи худ аз қавли сафири Тоҷикистон навиштааст, ки он донишҷӯёне, ки мехоҳанд таҳсили худро дар хориҷ идома бидиҳанд, бояд танҳо бар асоси иҷозаи расмии давлат ба хориҷ сафар кунанд ва Покистон низ бояд танҳо донишҷӯёни расмиро бипазирад.
Ин дар ҳолест, ки Зубайдулло Зубайдов, қаблан ба радиои Озодӣ гуфта буд, ки баъд аз дастури раиси ҷумҳур дар мавриди бозгардонидани донишҷӯён, 204 нафар аз муҳассилини тоҷик, ки дар мадрасаҳои Покистон ба таври ғайрирасмӣ таҳсил мекарданд, ба Тоҷикистон бозпас фиристода шудаанд.
Оғои Зубайдов мегӯяд, ки дар Покистон то ҳол ҳудуди 300 нафар донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳо ва мадрасаҳои исломӣ ба таври ғайрирасмӣ таҳсил мекарданд.
Ӯ афзуд: "То имрӯз мо 204 нафарро фиристодем ва тақрибан ҳамаи он донишҷӯёне, ки дар мадрасаҳои бузург таҳсил мекарданд, ба Тоҷикистон баргаштанд".
Ба гуфтаи сафири Тоҷикистон, шумораи ночизи чунин донишҷӯён ҳоло мунтазири бозгашт ба ватан мебошанд. Хонаводаҳои ин донишҷӯён бояд заминаи молии бозгашти фарзандонашонро фароҳам оранд.
Раиси ҷумҳур низ хостори бозгашти муҳассилин шуда буд
Иқдоми бозпас хондани навҷавонҳои тоҷик аз мадрасаҳои кишварҳои исломӣ дар охири моҳи август ва дар пайи суханронии раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон гирифта шуд.
Вай аз он изҳори нигаронӣ карда буд, ки бештари онҳое, ки дар хориҷ аз кишвар дар мадрасаҳои динии исломӣ таълим мегиранд, ба гурӯҳҳои тундраву ҳатто террористӣ мегароянд.
Оқои Раҳмон ба дунбол аз волидайни чунин толибилмон даъват кард, ки фарзандони худро аз мадориси хориҷӣ бозпас бихонанд.
Аммо ҳам раиси ҷумҳур ва ҳам масъулони Кумитаи дин дар ин маврид аз кадом як кишвари хосе ном намебаранд.
Мақомот бо ишора ба собиқаи бархӯрди мардум бо ҷараёнҳое, чун салафия мегӯянд, аз он тоифа донишҷӯёне дар ҳаросанд, ки дар хориҷ таълимоти ғайриҳанафӣ гирифта, метавонанд фитнаҳои наверо дар кишвар ба по кунанд.