Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хонаводаи Рақибовҳоро раҳо карданд


Атовулло Рақибов ва хонаводаи ӯ, ки бо тақозои Омбудсмен аз ҷониби маъмурони пулис боздошт шуда буданд, раҳо гардида, ба манзили худ баргаштаанд.

Оқои Рақибов дар сӯҳбати телефонӣ ба “Озодӣ” гуфт, ӯ, ҳамсараш Гулрӯ Ибодова ва панҷ фарзанди онҳо то нимарӯзи сешанбе дар шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт қарор доштанд.

Атовулло Рақибов, соҳиби манзили тахрибшудае дар деҳаи Заркамари ноҳияи Файзобод аст, ки якҷо бо зану фарзандонаш барои дуввумин бор дар назди бинои Омбудсмен додхоҳӣ карда, гуруснанишинӣ мекунанд.

Ҳамон тавре, ки оқои Рақибов мегӯяд, гуруснанишинии дуввуми онҳо дар пайи ҳалли қазияашон ба манфиати намояндагони давлат аз сӯи Омбудсмен сурат гирифта, як шабонарӯз идома кардааст.

“Аз соати 9-и рӯзи 17-уми январ то соати 8-и субҳи 18-уми январ дар он ҷо будем. Саҳар омаданд ва милисаҳоро гуфтанд, то онҳо моро ба шӯъбаи корҳои дохилӣ баранд”,-афзуд ӯ.

Омбудсмен ё ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон пас аз баррасии шикояти хонаводаи Рақибовҳо дар мавриди тахриби ғайриқонунии манзилашон, гуфтааст, ки дар ин қазия ҳуқуқи инсон поймол нашудааст.
Гузашта аз ин, ба гуфтаи Омбудсмен, замине, ки дар он Атовулло Рақибов манзил бунёд кардааст, замини давлатӣ будааст.

Бар асоси тамоми марҳилаҳои додгоҳӣ, Атовулло Рақибов дар худсарона ишғоли замин ва бунёди манзили истиқоматӣ дар рустои Заркамари ноҳияи Файзобод айбдор дониста мешавад ва ҳатто ду моҳе пеш нисбати ӯ, ба иттиҳоми авбошӣ, парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд.

Аммо худи Атовулло Рақибов ба ин айбномаҳо розӣ нест ва мегӯяд, манзили худро дар асоси қонун бунёд кардааст ва дорои сертификати ҳуқуқи истифодаи замин мебошад.

Намояндагони ҳукумати ноҳия қасд доштаанд, ки манзили Рақибовҳоро ҳамвор намуда, роҳи мошин боз кунанд. Дар ивази тахриби ин хона, ба Рақибовҳо як порча замин ваъда шудааст, аммо Атовулло Рақибов мегӯяд, ки маблағи сохтмони бинои хонаро надорад.

Вай афзуд, соли 2009-ум низ мақомоти ноҳия 7 ҳуҷраи хонаи 8-ҳуҷраии ӯро бидуни огаҳӣ хароб карданд. Он замон худи ӯ дар муҳоҷирати корӣ дар Русия будааст.

Ҳоло оилаи 7-нафараи Рақибовҳо танҳо дар як ҳуҷраи бозмонда аз манзилашон ба сар мебаранд.
XS
SM
MD
LG