Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозрасии парвандаи Мирзоев дар сурати дархости СММ


Мақомоти додгоҳии Тоҷикистон гуфтаанд, ки дар ҳолати дархости Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид, парвандаи Ғаффор Мирзоев, собиқ фармондеҳи Горди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод.

Раиси додгоҳи Олии Тоҷикистон Нусратулло Абдуллоев ин матлабро ба дунболи дархости наздикони оқои Мирзоев аз кумитаи ҳуқуқи башари СММ ҷиҳати баррасии дубораи парвандаи, ӯ иброз доштааст.

Раиси додгоҳи олии Тоҷикистон афзудааст, ки ниҳоди таҳти раёсати ӯ то ба ҳол чунин дархостеро аз ҷониби Кумитаи ҳуқуқи башари СММ дарёфт накардааст.

Дархости пайвандони Мирзоев аз СММ

Ин дар ҳолест, ки дар номае, ки гурӯҳи вакилони дифои Ғаффор Мирзоев, фармондеҳи пешини Горди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Кумитаи ҳуқуқи башари СММ фиристодаанд, дурустии ҳукми Додгоҳи олӣ нисбати Ғаффор Мирзоев зери шубҳа гузошта шудааст.

Бузургмеҳр Ёров, як тан аз вакилони дифои Ғаффор Мирзоев гуфт,
барои исботи нодурустии ҳукми додгоҳ нисбати ҳимояшаванда ба ҳама зинаҳои додгоҳӣ муроҷиат карда посухи манфӣ гирифтанд. Аз ин рӯ барои расидагии мунсифона ба қазияи Ғаффор Мирзоев, ба мақомоти байналмилалӣ рӯ овардаанд:

«Сабаби муроҷиат намудан аз он иборат мебошад, ки қонунҳои Тоҷикистон ба мо имконият медиҳад, ки ҳангоме дар ҳудуди ҷумҳурӣ тамоми зинаҳои ҳуқуқӣ гузашта шавад ва афроде, ки аз қарорҳои судӣ норизо бошанд онҳо ҳуқуқ доранд, ки бевосита ба Кумитаи ҳимоят аз ҳуқуқи инсони СММ муроҷиат кунанд»

Муғойират ба қавонини кишвар

Вакили дифои Ғаффор Мирзоев мегӯяд, ҳукми ҳабси якумрӣ, ки додгоҳ барои Ғаффор Мирзоев содир кардааст бо қавонини кишвар муғойират дорад. Зеро замоне, ки Мирзоев боздошт шуд, чунин ҷазо татбиқ намешуд ва дар қонунгузории кишвар ин навъи ҷазо, ки ҷазои ҳукми қатлро иваз кард, баъдан ворид карда шуд. Ва ба ин далел, ки қонун қувваи бозгашт надорад, мебоист ҳукм низ бо назардошти замони боздошт содир мешуд.

Аммо Муҳаммадалӣ Ватанов, раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Тоҷикистон мегӯяд, қонун барои ҳолатҳое, ки кирдор ва ҷурмҳои шахсро ҷиноёти сангин эътироф мекунад, замонро ба инобат намегирад:

«Дар Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон як нукта аст, ки қонуне, ки вазъи шахсро вазнин мекунад қувваи замони гузашта надорад. Яъне агар қонун кирдорро ҷиноят эътироф кунад, ҷазоро барои ӯ пурзӯр кунад, умуман агар ба ягон ваҷҳ ҳолати шахсро вазнин кунад қувваи замони гузашта надорад. Соли 2004-ум мо ҷазои қатлро ҳамчун ҷазои вазнин аз Кодекси ҷиноятӣ бардошта набудем. Мо фақат иҷроиши онро ба ҳоли таълиқ(моратория) даровардем»

Ин ҳам дар ҳолест, ки дархости такрории Ғаффор Мирзоев ҷиҳати азсаргирии таҳқиқи қазияи ӯро Додгоҳи олии Тоҷикистон қонеъ накардааст. Дар посухи Додгоҳи олӣ омадааст, ки далелҳои пешниҳодии Ғаффор Мирзоев барои бозбинии қазияи ӯ кофӣ нестанд.
XS
SM
MD
LG