Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маънии сиёсии "мухолиф" дар Тоҷикистон


Намоиши аҳзоби сиёсии Тоҷикистон дар арафаи интихоботи порлумонӣ. Душанбе, феврали соли 2010.
Намоиши аҳзоби сиёсии Тоҷикистон дар арафаи интихоботи порлумонӣ. Душанбе, феврали соли 2010.

Ду моҳ пеш, вақте ки Ёраҳмад Аминов гуфт, мехоҳад, узви ҳизби Сотсиал-деморкатии Тоҷикистон шавад, дӯстону наздиконаш аз ин хабар нороҳат шуданд ва ба ӯ гуфтанд, беҳтараш ба ин ҳизб напайвандад, зеро аъзои он мухолифи ҳукуматанд ва чунин узвият барояш дарди сар хоҳад овард.

Ёраҳмад нақл мекунад, ки ибтидо дудила шуд, зеро ҳамкоронаш ҳатто ҳушдораш доданд, ки мумкин аст, ҳадафи таъқиб қарор бигирад. Мегуфтанд, "аз ҷои кор маҳрум мешавӣ ва ё дар ҷои кор намесабзӣ, яъне ба вазифаҳои болотар намеравӣ."

Эҳтиёт дар интихоби ҳизб

Қиёмиддин Афзалӣ раиси бахши ҷавонони ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон низ мегӯяд, ки 6 сол боз узви ин ҳизб аст, ва дар рӯзҳои нахусти пайвастанаш ба он дӯстонаш мегуфтаанд, ки беҳтар аст аз ин иқдом худдорӣ кунад: «Баъзе дӯстону пайвандон мегуфтанд, дар ҳоли ҳозир каме сабр кун. Ҳоло чунин бархӯрдҳо вуҷуд доранд, ки агар аъзои ин ҳизб бошӣ, дар давлати кунунӣ шояд ҷои кор пайдо накунӣ.»

Ҳамсӯҳбатони ман -- Ёраҳмад Аминов ва Қиёмиддин Афзалӣ мегӯянд, ки огоҳона ба ин ҳизбҳо шомил шуданд ва дар муддати узвияти хеш дарк кардаанд, ки дар ин ҳизбҳо аслан кӯшиш душмантарошӣ, тундравӣ вуҷуд надорад ва барномаҳое, ки агар ба ҳукумат аз ҷониби ин аҳзоб пешниҳод мегардад, ба хотири саҳм доштан дар сохтмони ҷомеаи демократии кишвар аст.

Мухолифи сиёсӣ, яъне чӣ?

Ҳоло мавзӯи мазкур танҳо ва фақат ба ин ду ҳизб ва ё ҳизбҳои дигари оппозисиюнӣ маҳдуд намешавад. Вожаи "оппозитсия" ё "мухолиф" ҳамчунон дар зеҳни мардум муассир аст. Аз таҳлилгар, Маҳмуд Кабиров, ки ба масоили равоншиносӣ машғул аст, пурсидам, иллати аслии чунин бархӯрд аз куҷо об мехӯрад?

Вай гуфт, ки ин як мероси манфии равонӣ аст, ки ҳанӯз аз замони низоми яккатозии шӯравӣ, ҳатто аз даврони тошуравӣ, масалан давраи аморат ва бекигариҳои Бухоро маншаъ мегирад ва на танҳо сарварони кишварҳои Осиёи Марказӣ, балки худи мардум гирифтори онанд.

Ҷаноби Кабиров мегӯяд: «Ин таъсири низоми шӯравист, ки дар равон ё психологияи афроде, ки умри бештарашон дар замони шуравӣ гузаштааст, вуҷуд дорад. Ҳатто аз лиҳози равонӣ чунин шеваи бархӯрд
бо мухолиф аз даврони тошӯравӣ, монанди подҳошону амирон реша мегирад. Ва амирон ҳар ақидаеро, ки қабул надоштанд, аз худашон идеология месохтанд ва афроди дигарандешро таъқиб мекарданд."

Дар интизории назари мусбат

Мӯсо Асозода, таҳлилгари масоили сиёсӣ мегӯяд, ки дар як кишвари демократӣ, ки ҳуқуқбунёд ном бурда мешавад, вуҷуди мухолифбадбинӣ ва ё оппозитсиябезорӣ аслан набояд ҷой дошта бошад. Вале ин таъсири солҳои ҷанги шаҳрвандист, ки ханӯз ҳам идома дорад.

«Оппозитсиюнро ба маънои мусбат бояд қабул кард, масалан, агар оппозитсия бошад ҳизби ҳукмрон доим кӯшиш мекунад, ки кораш, фаъолияти боз ҳам ҷиддитар бошад. Мутаасифона, имрӯз шахсоне ҳастанд, ки доираи оппозитсюн ҳизбҳоеро медонанд, ки гӯё зидди давлатанд, мухолифи ҳукуматанд. Ин тамоман бархӯрди нодуруст аст.»

Дар ҳамин ҳол Ҳикматулло Сайфуллозода, коршиноси маркази таҳлилии "Диалог" ва узви Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломӣ чунин мегӯяд: "Масъули бахши бадахшонии ҳизб иттилоъ дод, ки пас он, ки мақомоти амниятӣ ва ҳуқуқии вилоят аз онҳо дархост кардаанд, феҳрасти аъзои ҳизбро, ки дар идораҳо фаъолият мекунанд, пешинҳод кунад, накардааст. Ва мақомоти ҳуқуқии вилоят дастур додааст, ки дар ҳар идорае, ки аъзои ин ҳизб аст хориҷ карда шавад. Шӯрои сиёсии ҳизб аз пеш омадани ин вазъият изҳори нигаронӣ мекунад.»

Хулоса

Бархе аз сиёсатшиносон мегӯянд, вуҷуди ҳолати "оппозитсиябезорӣ" таъсири ҷанги панҷсолаи шаҳрвандӣ набуда, балки он ба сиёсати рӯз рабт мегирад ва ҳалли ин масъалаи нохушоянд ба ҷониби ҳукумат бастагӣ дорад, ки чеҳраашро ба рӯйи мухолифони сиёсии хеш боз кунад, бо онҳо вориди гуфтугӯ ва ҳамкории воқеӣ шавад ва бо ин роҳ ба душмантарошӣ поён диҳад.
XS
SM
MD
LG