Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаи тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон ба Аҳмадинажод


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тайи номае ба раиси ҷумҳури исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод, ҳамдардии амиқи худ ва мардуми Тоҷикистонро баён намудааст.

Дар ин нома аз ҷумла омадааст: “Хабари садамаи ҳавопаймо, ки боиси ҳалокати теъдоди зиёди шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Эрон гардид, тамоми мардуми Тоҷикистонро андўҳгин намуд. Бо изҳори таъзия ва тассалият ба мардуми дўст ва бародари Эрон, аз Ҷаноби Олӣ хоҳишмандам, ки эҳсоси ҳамдардии моро ба наздикони шуҳадо бирасонанд.”

Дар суқути як ҳавопаймои мусофирбарӣ Эрон, ки шоми рӯзи якшанбе рух дод, дастикам 70 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG