Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарзи Туркия пардохта шуд... Узбакистон интизор аст


Тоҷикистон 25 миллион доллари қарзи худ ба Туркияро пардохт кардааст. Ин қарзро Тоҷикистон дар соли 1998 гирифта буд. Ҳамзамон вазорати молияи Тоҷикистон аз тавофуқ бо Узбакистон бар сари таҷдиди шеваи бозпас гардондани қарзи кишвари ҳамсоя хабар дод.

Ба ин тартиб мӯҳлати пардохти қарзи Узбакистон аз сӯи Тоҷикистон барои ду соли дигар тамдид карда шуд. Афзун бар ин Тоҷикистон ва Узбакистон аснодеро таҳия кардаанд, ки пас аз имзои онҳо мӯҳлати ниҳоии баргардондани қарзи Узбакистон барои Тоҷикистон соли 2016 таъин хоҳад шуд.

Тибқи омори расмӣ, ҳоло қарзи Тоҷикистон аз Узбакистон маблағи беш аз 35 миллион долларро ташкил медиҳад, ки ба гуфтаи масъулони давлатӣ, бозмонда аз солҳои пеш ва он ҳам аз ҳисоби ширкати «Роҳи Оҳан» ва «Тоҷикгаз» аст.

Тавсеаи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Туркия

Пардохти қарзи Туркия тавассути Тоҷикистон дар ҳолест, ки дар чанд соли ахир равобиту ҳамкориҳои ду кишвар густариши чашмгире пайдо кардаааст. Мулоқоти вижаи Эмомалӣ Раҳмон ва Абдулло Гул, раисони ҷумҳури Тоҷикистон ва Туркия ва баргузории ҳамоиши соҳибкорони ду кишвар дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои ЭКО ё Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ дар шаҳри Истанбул дар ду ҳафтае қабл бори дигар собит кард, ки ҳар ду кишвар хоҳони тақвияти ҳамкориҳои гуногунҷабаҳи хеш ҳастанд.

Аслан Тоҷикистон маблағи 25 миллион долларро аз Туркия дар соли 1998 барои барқарории иқтисоди кишвар, пас аз ҷанги дохилии панҷсола, дарёфт карда буд. Масъулони давлати Тоҷикистон низ мегӯянд, ҳамакнун бо беҳбуди вазъи молӣ ва иқтисодӣ, ин кишвар талош хоҳад кард, то қарзҳои хориҷии аз даҳсолаҳо пеш гирифтаашро пардохт кунад.

Қарзи «Роҳи оҳан» ё Тоҷикистон?

Аммо ба иттилои масъулони вазорати молия, Тоҷикистон бо Узбакистон бар сари таҷдиди шеваи пардохти қарзи ин кишвар тавофуқ кард, ки мӯҳлати пардохти маблағи қарз барои ду соли дигар тамдид карда шуд.

Аз сӯи дигар, Моҳинав Қиматшоева, муовини раиси департаменти қарзи давлатии вазорати молияи Тоҷикистон, мегӯяд, «ҳоло қарзи Узбакистон маблағи беш аз 35 миллион долларро ташкил медиҳад. Ин маблағ аз буҷа пардохт хоҳад шуд. Қарз қарз аст, бояд ки онро пардохт кард. Агар қарзро надиҳем, ҷаримаҳо дорад ва проблемаҳояш бисёр мешавад».

Ба гуфтаи хонум Қимматшоева, маблағи қарзии Узбакистон аз ҳисоби Роҳи Оҳани Тоҷикистон аст. Зеро ба иллати мушкилоти молӣ натавонистаанд, онро сари вақт пардохт кунанд. Афзун бар ин, хонум Қимматшоева мегӯяд, ширкати «Тоҷикгаз» дар назди буҷа қарздор аст.

Аммо мусаллам аст, ки маблағи қарзии Тоҷикистон дар назди Узбакистон аз даврони ҷанги дохилии ин кишвар аст. Ин буд, ки порлумони Тоҷикистон низ тасмим гирифт, ки пардохти маблағи қарзии Узбакистон бар ӯҳдаи буҷаи кишвар гузошта шавад. Аммо чаро аз ҳисоби буҷа? Дар ҳоле, ки қаблан масъулони ширкати Роҳи Оҳан иброз карда буданд, ки ин вазъи молии ин ширкат нисбат ба солҳои пеш беҳбуд ёфта ва ҳеҷ гуна қарздорӣ ба мушоҳида намерасад.

35 миллион қарз аз Узбакистон куҷо шуд?


Давлати Усмон, иқтисоддони тоҷик бар ин назар аст, ки дар ин масъала сарчашмаи эҷоди қарздориро бояд ҷуст. Ӯ гуфт: «Сабаби он ки ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад то маблағи қарзии Узбакистонро аз тариқи буҷа пардозад, пас заминаҳо ва сарчашмаҳои эҷоди қарз ҳам шояд дигар чиз бошад. Зеро дар он вақт, ки солҳои аввали истиқлол буд, ҳукумат мушкил дошт ва Узбакистон ҳам яке аз шарикони стратегии Тоҷикистон ба шумор мерафт, шояд ба ҳамин хотир ин тасмим гирифта шудааст, ки аз буҷа пардохт шавад».

Аммо Абуносир Шарифзода, коршиноси тоҷик мӯътақид аст, ки инҷо мавзӯи фасодкорӣ низ матраҳ аст. Вай мегӯяд, «он замони бесарусомонӣ буд ва вақте, ки ин маблағҳои қарзӣ гирфта шуданд, шояд гурӯҳи манфиатдор онҳоро аз они худ кард ва ҳамакнун ба хотири бозхпас додани ин қарз мехоҳанд то аз маблағҳои буҷа истифода кунанд».

Бо ин ҳам ҳукумат маблағи 35 миллиони боқимонда аз қарзи Узбакистонро ба якборагӣ бозпас доданӣ нест. Зеро бар иловаи он ки ҳар ду кишвар тавофуқ кардаанд, ки мӯҳлати пардохти қарз барои ду соли дигар тамдид шавад, ҳамчунин ҳоло санадҳое миёни Тоҷикистон ва Узбакистон таҳия шудааст ва бояд дар зудтарин фурсат ба имзо бирасанд, ки бар асоси онҳо мӯҳлати ниҳоии пардохти қарзи Узбакистон тавассути Тоҷикистон, соли 2016 таъин шудааст.

Зимнан, тибқи омори расмӣ, тайи нӯҳ моҳи соли 2010, мизони қарзи хориҷии Тоҷикистон ба 5,8 дарсад боло рафта ва ба беш аз 1 миллиарду 800 миллион доллар расидааст. Ин дар ҳолест, ки таносуби қарзи хориҷӣ бо маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон 40 дарсад шудааст. Тоҷикистон бештарин мизони қарзро бо Чин дорад, ки гуфта мешавад ба 900 миллион доллар баробар аст.
XS
SM
MD
LG