Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Илмободе барои Тоҷикистон ба мисли Сколково


Як сол ба ин сӯ дар Русия тарҳи бунёди як шаҳри хоси олимону донишмандон дар Сколково, минтақае дар ҳошияи Маскав баҳс мешавад. Раиси он ҷумҳурӣ Дмитрий Медведев фармонаш дар мавриди таъсиси Маркази навовариҳои “Сколково”-ро рӯзи 31 декабри соли 2009, дуруст дар остонаи Соли нав, имзо кард ва миллиардер Виктор Вакселберг ҳам ба дунбол раиси Сандуқи рушди Сколково интисоб шуд.

Ҳадаф аз ин тарҳ бунёди маркази муҷаҳҳаз ва мураттаби илмие ба гунаи “Водии Силикон”, бузургтарин маркази рушди фанновариҳои навин дар аёлати Калифорнияи Амрикост.

Ахиран дар мактаби умури идории Маскав, ки низ номи “Сколково”-ро дорад, ҳамоиши миллии навовариҳо таҳти унвони “Русия, ба пеш!” баргузор шуд.

Тавсифи Медведев аз маркази “Сколково”


Дмитрий Медведев бунёди маркази “Сколково”-ро дар барномаи навсозии иқтисоди Русия, ки давлати ӯ пеш мебарад, як нуқтаи атфу калидӣ мешиносад ва мӯътақид аст, ки бо роҳи таҷаммӯъи донишмандони руси дар саросари ҷаҳон ва бештар дар кишварҳои Ғарб парешоншуда заминаи собите барои таъмини рушди илми муосири Русия фароҳам хоҳад омад.

Таҳлилгарони рус ин талошҳои тозаи Кремлро идомаи талошҳои қаблии нокомшудае медонанд, ки давлатдорони вақти Русия дар мароҳили мухталифи таърихи он кишвар ба хотири таъмини рушди босуръати давлати худ ва ба сатҳи кишварҳои дигари Аврупо расондани Русия рӯи даст гирифта буданд.

Дар ин замина аз ҷумла аз ислоҳоти замони Пётри аввал, Екатеринаи ду, Александри ду ва ҳатто аз Никита Хрушёв ёд мешавад, ки қарори маълум, мехост алакай то соли 1980 асосҳои коммунизмро дар Иттиҳоди Шӯравӣ бисозад, вале ҳанӯз қадаме дар ин роҳ ногузошта, худ тӯъмаи як кудатои давлатӣ шуд.

Ба бовари бахши бузурге аз коршиносони рус, ояндаи барномаи навсозии Медведев ҳам сахт вобастаи соли 2012 аст, ки оё сарвазираш Владимир Путин ба ӯ фурсати даври дуввуми раёсатро ҳам хоҳад дод ва ё ба тахте, ки ба шогирди содиқаш амонат супурда буд, дубора худ бар хоҳад гашт.

Ниёзи Тоҷикистон ба “Академгородок”

Аммо тарҳи Сколково дар маҳофили илмии Тоҷикистон низ баҳсеро ба вуҷуд овардааст, ки оё зарурате барои таъсиси чунин як, ба истилоҳи замони шӯравӣ, “Академгородок”, ё шояд “Илмобод” дар Тоҷикистон ҳам пеш омадааст? Ибодуллоҳ Ҳақёров, аз масъулони маҳфили Мехотроника дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, маҳфиле, ки бо гаҳвораи худкору электромобили сохтаи донишҷӯёнаш ном баровардааст, мегӯяд, Илмободе чунин барои Тоҷикистон сахт зарур аст.



Ибодуллоҳ Ҳақёров, аз масъулони маҳфили Мехотроника дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, ки сохтани маркази илмие ба монанди Сколково дар ин кишварро лозим медонад.

Донишманди маъруфи тоҷик Зафари Мирзоён мегӯяд, мардуми тоҷик дар тӯли таърихи худ чунин марокизи илмӣ, ки ҳар кадом метавон гуфт, пойтахтҳои илми замони худ будаанд, зиёд дошт.

XS
SM
MD
LG