Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Истанбул


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон субҳи рӯзи чаҳоршанбе ба манзури ширкат дар мулоқоти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ (ЭКО) ба Туркия сафар кард. Нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Иқтисодӣ фардо, 23 декабр дар шаҳри Истамбули Туркия баргузор хоҳад шуд.

Масъулони дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон ба РО гуфтанд, ки раиси ҷумҳурро дар ин сафар, як идда аз мақомоти баландпояи ин кишвар, ба шумули Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷӣ, Фаррух Ҳамралиев, вазири рушди иқтисод ва тиҷорат, Гул Шералӣ, вазири энергетика ва саноат, Олимҷон Бобоев, вазири нақлиёт ва коммуникатсия ва дигарон ҳамроҳӣ мекунанд.

Ин манбаъ гуфт, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бар иловаи ҳузур ва суханронӣ дар мулоқоти сарони Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ, ҳамчунин дар нишасти вижаи ин созмон, ки ба мавзӯи таҳдидҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди муосир марбут аст, ширкат хоҳад кард.

Ҳамчунин дар чаҳорчӯби ин нишаст, мулоқотҳои дуҷонибаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо Маҳмуди Аҳмадинажод, Ҳомиди Карзай ва Осиф Алӣ Зардорӣ, раисони ҷумхури Эрон, Афғонистон ва Покистон дар назар аст.

Зимнан, СҲИ дар соли 1985 аз сӯи Эрон, Покистон ва Туркия ташкил шудааст. Пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, кишварҳои тозаистиқлоли Тоҷикистон, Озарбойҷон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбакистон низ ба ин созмон пайвастанд. Бо шумули Афғонистон, ҳоло дар ин созмон даҳ кишвар аъзо аст.

Мулоқоти Раҳмон ва Абдулло Гул

Вижагии нишасти Истамбул барои Тоҷикистон он хоҳад буд, ки ба гуфтаи масъулони ҳукумати Тоҷикистон, дар ҳошияи он, мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо Абдулло Гул, президенти Туркия сурат хоҳад гирифт.

Ҳамчунин сарони ҳар ду кишвар дар ҳамоиши муштараки бозаргонони тоҷику турк ширкат хоҳанд кард. Ин ҳамоиш бо ҳузури 350 соҳибкору тоҷири ҳар ду кишвар доир хоҳад шуд.

Ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии ду кишвар дар чанд соли ахир тавсеа пайдо карда ва тибқи оморҳои расмӣ, мубодилоти коло дар соли ҷорӣ маблағи ҳудуди 400 миллион долларро ташкил додааст.
XS
SM
MD
LG