Дилшод Назаров – қаҳрамони Бозиҳои XVI осиёӣ, барандаи ҷоизаи нуқраи Ҷоми ҷаҳон, ғолиби бисёркаратаи мусобиқоти байналмилалии Гран-при оид ба гурзандозӣ, Расул Боқиев – барандаи медали биринҷии Бозиҳои XVI осиёӣ, ғолиби давраи Ҷоми ҷаҳонии дзю-до ва дорандаи нишони нуқраи Ҷоми Аврупо, Муродҷон Тӯйчиев - барандаи медали биринҷии Бозиҳои XVI осиёӣ оид ба гуштии юнониву румӣ, қаҳрамони ҷаҳон оид ба гуштии камарбандӣ, Ҷаҳон Қурбонов – барандаи медали биринҷии Бозиҳои XVI осиёӣ оид ба бокс, Набимуҳаммад Хоркашев - барандаи медали нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон ва қаҳрамони Осиё оид ба гуштии самбо, Мавзуна Чориева - қаҳрамони Осиё оид ба бокс, Баҳодур Қодиров– барандаи медали нуқраи нахустин Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон дар риштаи гуштии озод, Алишер Аҳмадов - қаҳрамони ҷаҳон оид ба кикбоксинг байни наврасон, қаҳрамони мутлақи Осиё ва барандаи медали нуқраи чемпионати ҷаҳон оид ба таеквон-до ИТФ, Акмал Қодиров - барандаи медалҳои нуқраю биринҷии чемпионати ҷаҳон оид ба армрестлинг байни варзишгарони маъюб, Юсуф Рабиев, капитани дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе – қаҳрамони Тоҷикистон, барандаи Ҷом ва Суперкубок ё Ҷоми олии Тоҷикистон.
Беҳтарин варзишгарони сол бо ҷоизаҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, Кумитаи миллии олимпии кишвар ва дипломҳои Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши кишвар мукофотонида хоҳанд шуд.
Шарҳҳоро бинед (10)
Боз кардани шарҳи бештар